Зиндагӣ маҷмуаи бешу камист. Дарозои умр, ки дар муҳит ва бо инсонҳои гуногун сипарӣ мешавад, дар тахайюлоти инсонӣ арзёбии фосилавӣ ба ҳодисаву воқеаҳои рӯзгорро ташаккул медиҳад. Кас миёни хаёлоти рангини бознигарӣ ба гузашти умр, гоҳо мавҷуд ва ҳайсияти дӯстони худро дар тарозуи хаёл баркашида, хулосаҳои мантиқӣ ва барои хеш дуруст мебарорад.
Дар миёни дӯстони банда, ки хеле зиёданд, мақом ва манзалати яке аз дӯстони шарифам — устод Додарбек Сайдалиев хоса аст. Ӯ танҳо як дӯст нест, бародарест, ки аз мактаби бузурги одамияти баланд, ахлоқи ҳамида, заковатмандиву солорандешиаш ҷаҳон-ҷаҳон рамузи зиндагӣ бардоштаам. Бароям устод аст дар пайраҳои омӯзгори мактаби олӣ будан ва то ин дам, агар фаъолияти хоксоронаву шояд шоистаеро анҷом доданам.
Соли 1989, замоне ки дар донишкада бо роҳхати Вазорати маорифи вақти кишвар ба кор мондам, маро ба кафедраи забони русии факултети педгогикаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб сафарбар намуданд. Дар ин кафедра устодони соҳибтаҷрибаи фанни забони русӣ фаъолият менамуданду мудирии кафедраро устоди шодравон Саймамадов А.С. ба уҳда доштанд. Аз муҳити илмӣ ва фазои руҳпарваронаи омӯзгорони кафедра хеле шавқмандона ба кори таълим дода шудам. Он вақт дарсҳои забони русӣ ба зергурӯҳҳо ҷудо мешуданд ва ҳар яке аз мо ба устодони соҳибтаҷриба вобаста гардида, нозукиҳои касби пуршарафи муаллимиро меомӯхтем. Ана аз ҳамон давра то ба инҷониб, ки беш аз 36 сол гузашт, ҳамеша роҳбаладу раҳнамо, маслиҳатгару ҳамдаму мӯниси ман — дӯсти бародаргаштаам Додарбек Сайдалиев мебошад.
Устод Д.Сайдалиев қалби пурмуҳаббату дасти пурсаховате доранд. Бо акаи Додарбек чандин сафарҳои хориҷӣ доштем, ки қиссаҳояшон барои чанд китоб мерасад. Вале ин замон сахтгирию ҳамзамон меҳрубониҳояшон, аз он ки ҳамчун як руҳшинос аз сухан боз кардани одам, ӯро дарк карданҳошон ҳувайдо мегардад.
Пеши назари ман акаи Додарбек аз як муаллим то ба сатҳи муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилаӣ рушд карданд ва ман хоҳарона, дӯстона, ҳамчун ҳамкасб аз пайи ӯ қадам ниҳодам ва имрӯз пушаймон нестам, ки ба ҳарфи бародаронааш гӯш додам, аз сахтгириҳову ҷанҷолу ситезаҳояш наранҷидам, ба қавле “агар аз дар ронданд, аз тиреза даромадам” машварат пурсидаам, ки ин “ хирагӣ”-ҳо чун анвори дурахшон масири роҳи фаъолиятамро дар ҷодаҳои душворгузари мактаби олӣ мунаввар сохтанд.
Имрӯз бародарам як олими шинохта ва сиёсатшиноси варзида аст, бо забонҳои хориҷӣ хуб ҳарф мезанад ва дар партави татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ташкилоти ҷамъиятии “Шаҳрванд”-ро роҳбарӣ менамояду дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми муносиб мегузорад.
Инсонияти баланд, ростқавливу ҳақталошиии устод то ба имрӯз моро водор ба омӯзишҳои амиқ кардаву дар ҳар ҷодае муваффақ мегардонад. Аснои омодагӣ ба дарсҳо ман кӯшиш менамудам, ки мавзуъҳоро пурра аз худ намоям, то нашавад, ки ба ягон саволи устод ҷавоб дода натавонам. Ҳамин эҳтирому талошҳо буд, ки доираи фаъолияти шогирдонаи ман бо сарпарастии устоди арҷмандам аз ассистенти кафедра, то ба мудири кафедра, декани факултет, котиби матбуотӣ, роҳбарӣ дар самтҳои тарбия, илм ва инноватсия, равобити хориҷӣ ва ВАО густариш ёфт.
Акаи Додарбек дӯсти беҳтарини оилаи мо аст. Тӯли ин солҳо равуойи хонаводагии мо дар муҳити ҳамдигарфаҳмиву садоқатмандӣ ва эҳтиром нисбат ба муносибатҳои дӯстонву хешутаборӣ аз ҷавҳари авҷу ҳусни тафоҳум бархурдор аст ва бародар ҳамдами рӯзҳои шоду ғами ман мебошанд.
Бо шукргузорӣ аз доштани чунин як дӯст ва бародари гиромӣ, ба хотири хидматҳои холисонаву бетамаъ, аз устод Додарбек Сайдалиев сипосгузорам ва содатмандии бепоёнашро таманно дорам.
Устод! Бақои умратон бодо ҳазор сол,
Иқбол дар паноҳатон бодо ҳазор сол!
Худойдодова Шарофат Зардовна, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ