Home ХАБАР ТАВАҶҶУҲ БА САМТИ КОРҲОИ ХОҶАГИДОРӢ МЕАФЗОЯД

ТАВАҶҶУҲ БА САМТИ КОРҲОИ ХОҶАГИДОРӢ МЕАФЗОЯД

by admin
13 views

Санаи 13 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо кормандони бахши хоҷагии муассиса баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба интизоми меҳнат, тозагӣ ва тартиботи дохилии муассиса, нигоҳдории дурусти биною иншоот, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни суханронӣ таъкид намуд, ки фаъолияти самараноки кормандони бахши хоҷагӣ нақши муҳимму муассир дар пешбурди бонизоми кор дар донишгоҳ дорад, зеро тозагӣ, тартибот ва муҳити зебою ороста яке аз нишонаҳои фарҳанги ташкилӣ ва рӯҳияи баланди меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ афзуд, ки кормандони бахш бояд нисбат ба иҷрои вазифаҳои худ муносибати ҷиддӣ дошта, ба иҷрои босифат ва саривақтии корҳои хоҷагӣ аҳамияти хоса диҳанд.

Таъкид гардид, ки раёсат баҳри беҳтарсозии шароити корӣ ва таъсиси муҳити муносиб барои фаъолияти кормандон тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, минбаъд низ дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Ҳадафи баргузории чунин вохӯриҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифату  масъулияти кории кормандон, таҳкими интизоми меҳнат ва фароҳам овардани муҳити созгор дар донишгоҳ равона гардидааст.

Related Articles

Leave a Comment