25 июли соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мутобиқи Нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ беш аз 30 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, агентиҳои иттилоотии миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Нишастро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, ҳисоботи муфассалро дар бораи рушди соҳаҳои калидии донишгоҳ — аз ҷумла самтҳои таълим, илм, тарбия, корҳои созандагиву хоҷагидорӣ, равобити байналмилалӣ ва муваффақияти устодону донишҷӯён — тавассути рӯнамо (презентатсия) ва омори дақиқ ироа намуд.
Ректори муассиса зимни ироаи ҳисобот таъкид намуд, ки донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 80-солагии таъсиси муассиса ба роҳ монда, дар ин замина иқдомоти васеи ободониву созандагиро амалӣ намуда истодаанд.
Дар ин баробар раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти беҳбудии шароити иҷтимоии ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса тасмим гирифтааст, ки аз оғози соли нави таҳсил музди маоши кормандонро аз ҳисоби маблағҳои махсус ба андозаи 10% зиёд намояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар доираи тадбирҳои муҳими созандагӣ, бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ корҳои бунёдии бинои нави замонавии таълимӣ оғоз гардида, бо маром идома дорад. Ин иншооти пуриқтидор заминаи боэътимоди рушди таълимро барои наслҳои оянда фароҳам хоҳад овард.
Ҳамзамон, бо эътибор додан ба ниёзҳои омӯзгорону донишҷӯён, корҳои сохтмонии бинои 10-ошёнаи хобгоҳ бо тарҳи муосир оғоз ёфтааст. Илова бар ин, раёсати донишгоҳ дар ин давра толори лексионӣ дар факултетҳои молиявию иқтисодӣ, химия ва биология, инчунин бинои таълимии факултети география ва иқтисодиёти рақамиро бо системаи гармидиҳӣ пайваст намуд.
Ишора рафт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2025, донишгоҳ дар самти омӯзиш ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир пешрафтҳои назаррас дошта, 2 465 нафар донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд, ки 68 нафари онҳо бо дипломи аъло мебошад. Сифати умумии таълим ба 36,9% расида, нисбат ба соли гузашта 1,9% афзудааст.
Дар самти илм ва таҳқиқот 93,08% омӯзгорони донишгоҳ ба корҳои илмӣ машғул буда, дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.
Бо мақсади дастгирии олимону муҳаққиқон ва тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, раёсати донишгоҳ тасмим дорад, ки дар ҳошияи истиқбол аз ҷашни 80-солагии муассиса шуруъ аз моҳи сентябри соли 2025 ҳаҷми кумакпулиҳоро барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ зиёд намояд. Тибқи ин тасмим, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 7000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20000 сомонӣ ҷудо хоҳад шуд.
Зимни пешниҳоди ҳисобот, таъкид гардид, ки муҳаққиқону устодони донишгоҳ дар озмунҳо ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба дастовардҳои намоён мушарраф гариданд. Аз ҷумла, профессор Нодира Ашурова дар конфронси байналмилалии ЮНЕСКО “700 сол бо Ҳофиз”, ки дар шаҳри Парижи Фаронса гузашт, бо суханронии арзишманд иштирок кард; Сайдализода Фотима дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин педагог” (Қазоқистон) сазовори Дипломи дараҷаи I гардид; Иброҳими Юсуф-корманди маркази матбуот, соҳиби сертификати байналмилалӣ аз ЮНЕСКО оид ба истифодаи зеҳни сунъии генеративӣ дар таълим шуд.
Инчунин, дастаи олимпии донишҷӯёни муассиса дар олимпиадаи фаннӣ миёни 44 донишгоҳ мақоми сеюмро соҳиб шуд. Фатозода Саидадунё ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…» ва Умарҷон Тошматов соҳиби “Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ” гардиданд.
Дар Донишгоҳ 10 193 нафар донишҷӯ дар 63 ихтисос таҳсил доранд.
Донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ — китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуда, 36 нафар ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Инчунин донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳ дар даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз худ донишу маҳорати хуб нишон дода, 5 нафари онҳо бо касб намудани ҷойҳои намоён ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Тибқи маълумот қисми тарбия дар шашмоҳаи аввали сол 107 чорабинии гуногун ва 164 дарси намунавии тарбиявӣ, конференсияҳо, аксияҳо ва ҷамъомадҳои сиёсиву фарҳангиро доир намудааст.
Тибқи гузориш дар шашмоҳаи аввали сол донишгоҳ бо 106 муассисаи таълимии хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар ин давра вохӯрии муҳим бо намояндаи Сафорати ИМА хонум Эмбер Ора дар самти омӯзиши забони англисӣ ва табодули устодон баргузор гардид. Инчунин Созишномаи расмии ҳамкорӣ бо Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.
Муассиса фаъолияти муназзаму густурдаро дар асоси «Стратегияи рушди Донишгоҳ барои солҳои 2023 — 2028» пеша намудааст.
Дар қисмати суолу ҷавоб рӯзноманигорон доир ба самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ суолҳо пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби раёсат ба онҳо посухҳои муфассал манзур гардид.
Дар интиҳои нишаст ректори донишгоҳ Сафарзода Мунир Ватан ба намояндагони ВАО барои ҳамкории самаранок ва инъикоси равандҳои ҳаёти Донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён намуда, онҳоро ба ҳамкории боз ҳам зичтар ҷиҳати истиқболи шоистаи ҷашни 80-солагии донишгоҳ даъват намуд.
Маркази матбуот