Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАКТАБИ СУЛҲОФАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА АРЗИШИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ОН

МАКТАБИ СУЛҲОФАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА АРЗИШИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ОН

by admin
6 views
Ҳаёти пурмоҷарои сиёсии асри XXI собит намуд, ки барои ҳар як давлату миллат, ҳифзи амнияти миллӣ ва давлатии он дар мақоми аввал қарор дорад. Бесуботӣ ва нооромии ҷаҳони имрӯз ба давлатдории кишварҳои рӯ ба тараққии минтақаи Осиё зарбаҳои сангину хашин мезанад, ки ин як падидаи тасодуфӣ нест. Кишварҳое, ки дар паси ин ҳаводиси вазнин қарор доранд, бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун ба хотири амалӣ сохтани ғаразҳои геополитикии худ, боиси ҷангҳо ва муноқишаҳои хунин дар гӯшаҳои мухталифи дунё мегарданд.
Дар ин замина, мо бояд зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид, ба хотири тинҷиву оромии кишвари азизамон пайваста талош варзем. Чун мо ин мусибату бадбахтиро аллакай дар авохири асри XX паси сар кардаем. Ҳар қадаре ки аз он рӯзҳои сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта фосила мадидтар мешавад, арзиши сулҳ, осоиш ва суботи сиёсӣ барои мардуми тоҷик ҳамон қадар баландтар мегардад.
Орзу мекунам, ки он рӯзҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дигар ҳаргиз бар сари миллати тамаддунсоз ва фарҳангии тоҷик барнагардад. Насли калонсолу солхӯрда он рӯзҳои сиёҳу мудҳишро хуб дар хотир доранд. Вале вазифаи мост, ки насли ҷавонро огоҳ созем, то ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бахусус дар чунин шароити муосир, ки авзои ҷаҳонӣ печидаву пурмоҷаро аст.
Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гашт. Душманони миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо намехостанд, ки мо баъди ҳазорон сол соҳиби давлату ҳукумати мустақили худ гардем. Аз ҳамин рӯ, бо ҳар васила кӯшиш мекарданд, ки дар сарзамини мо нооромӣ ба вуҷуд оварда, сулҳу суботро аз байн баранд ва халқи тоҷикро аз давлатдории миллӣ маҳрум созанд.
Мутаассифона, дар оғози истиқлоли давлатӣ онҳо тавонистанд ба ниятҳои нопоки худ то ҳадде муваффақ шаванд. Бо баҳонаи дину демократия ва озодии андеша, дар ниқоби суханони зебо, бо дасисаи бегонапарастон мафкураи мардумро таҳриф карданд ва тоҷикро зидди тоҷик шӯронданд.
Баъзе шахсони ноогоҳу соддалавҳ, ки мафкураи маҳдуди динӣ доштанд, ҳамчун василаи дасти хориҷиён дар ин муноқишаҳо даст доштанд. Дар муддати кӯтоҳ, дар кишвар чандин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тундгарои динӣ ва сиёсӣ пайдо шуданд, ки ҳар кадоме бо баҳонаи дифоъ аз дину арзишҳои миллӣ вазъияти нооромро боз ҳам шиддат мебахшиданд.
Сохтори давлатдорӣ қариб ки фалаҷ шуда буд. Мухолифин бо баҳонаҳои гуногун иҷозаи қабули қарорҳои муҳимро аз ҷониби аъзои Шӯрои Олӣ намедоданд. Аз сӯйи дигар, мардумони оддӣ бо ваъдаҳои пучи мухолифин ба майдон кашида мешуданд. Барои ҳифзи сохти конститутсионӣ ва намояндагони қонунии халқ, мардуми Кӯлоб ва дигар минтақаҳои кишвар ба майдон баромаданд ва дар натиҷа, мутаассифона, муқовимати мусаллаҳона оғоз ёфт.
Мухолифини мусаллаҳ ба силоҳ даст заданд ва аввалин қурбониёни ин муноқишаҳо зиёиён ва мардуми оддӣ шуданд. Аз ҷумла, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродалӣ Шералӣ аз ҷониби мухолифини мусаллаҳ ба қатл расид. Намояндагони халқ гаравгон гирифта шуданд ва ҷанги шаҳрвандии бародаркуш оғоз гардид.
Ёдоварии он рӯзҳо гарчанд аламовар аст, вале барои огоҳии насли ҷавон муҳим мебошад. Ҷангу хунрезӣ танҳо бадбахтӣ меорад. Ҳазорон хона вайрону валангор шуд, ҳазорон модар падар бефарзанд, ҳазорон кӯдак бепадар монд. Бародар қотили бародар, фарзанд душмани волидайнаш шуд. Аз ноамнӣ ва тарс мардуми осоишта ба гуреза табдил ёфта, бо аҳлу оила хоки Ватанро тарк карданд. Хусусан дар Кӯлоб, баъзе навоҳии он ва ҳамчунин дар Афғонистон ҳазорон нафар фирорӣ шуданд. Авбошиву ғоратгарӣ ҷойи маърифату маданиятро гирифт. Муҳоҷирон дар ғарибӣ, бахусус дар Афғонистон, бо гуруснагиву нодорӣ зиндагии фоҷиабор доштанд.
Вазъият печидатару сангинтар мешуд. Мардум ба як ақли солим ва сарвари оқилу вафодор ниёз доштанд. Хушбахтона, тақдир миллати тоҷикро бо чунин шахсият рӯбарӯ сохт. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан Президенти кишвар интихоб гардиданд. Ин масъулият дар он шароити хатарнок ҷоннисорӣ ва далерии фавқулода металабид.
Президенти муҳтарам, ки ҷавон, дурандеш ва фарзона буданд, барои наҷоти миллат ҷонфидоёна талош варзиданд. Аз ҷумла, сафари ҷасуронаи эшон ба Афғонистон ва мулоқот бо раҳбарони онвақтаи Афғонистон- профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, барои сулҳу баргардонидани гурезаҳои тоҷик, шаҳодати мардонагии эшон аст.
Ҳар боре ки навори мулоқоти пурдарди Пешвои миллатро бо муҳоҷирони тоҷик дар хоки Афғонистон тамошо мекунам, ашки чашмонамро нигоҳ дошта наметавонам. Он суханони дилсӯзи эшон, ки мегуфтанд: «Солҳо мегузаранд, ҳар касе ки аз ин ҷо мегузарад, мегӯяд, ки ин қабристони гурезаҳои тоҷик аст. Магар барои мову шумо айб нест? Айб нест, ки ҳамватанони мо дар ғарибӣ умр ба сар баранд, дар ғарибӣ тарки дунё кунанд?»
Ин суханон то абад дар гӯши таърих мемонанд. Даъватҳои пайвастаи эшон барои бозгардондани гурезаҳо аз хотирҳо намеравад: «Ҳамватанони азиз, шуморо хонаву даратон, пайвандону наздиконатон интизоранд. Ба Ватани аҷдодӣ баргардед».
Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расид. Ин рӯз барои миллати тоҷик рӯйдоди тақдирсоз буд.
Маҳз бо сулҳ мо ба пешрафт ноил шудем. Ҳамаи дастовардҳои даврони Истиқлол натиҷаи сулҳу суботи сиёсиест, ки бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба даст омадааст. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари орому пешрафта мешиносанд.
Ҳарчанд баъзе нафарони бадхоҳ кӯшиш мекунанд, ки таҳкими сулҳро нодида гиранд, вале таърих ҳаргиз фаромӯш намекунад, ки маҳз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мактби сулҳофарии тоҷикиро асос гузоштанд.
Ваҳдати миллӣ-ин муҳимтарин дастоварди таърихи навини мост. Ваҳдат барои мо танҳо як калима нест-ин ҳастии мост, ваҳдати мост, бақои давлатдории мост. Пас биёед, шукронаи суботу оромӣ ва Пешвои хирадманди худро кунем, зеро бидуни ӯ мо имрӯз чунин рӯзҳои орому осударо намедидем.
Мо, мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг, ҳамеша барои ҳимояи арзишҳои миллӣ омодаем. Сулҳу осоиштагӣ ва истиқлоли давлату кишвари худро мисли гавҳараки чашм азиз медорем ва барои ҳифзи ин неъматҳои бебаҳо тамоми нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии худро сафарбар месозем.
Дар фарҷом, мехоҳам матлаби худро бо як андешаи бисёр арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст намоям: «Биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем».
Поянда бод Тоҷикистони азиз!
Поянда бод Истиқлолияти давлатӣ!
Поянда бод сулҳу ваҳдати миллӣ!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ва хуҷаста бод, ҳамватанони азиз!
Шермуҳаммад Тоҳиров, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment