Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПЕШВОИ СУЛҲОФАР

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПЕШВОИ СУЛҲОФАР

by admin
17 views
Миллати хирадманду солори мо бар аҳримани ҷангу куштор, бо ақлу заковати худ пирӯз шуд ва мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро бино гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи давлатдории муосири тоҷикон бо номи Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Дар як марҳилаи ҳалкунанда, вақте ки таҳдиди парокандагӣ, хунрезӣ ва фурӯпошии давлат ҷиддӣ буд, шахсияти сиёсие рӯйи кор омад, ки тавонист бо ирода, фаҳмиш ва хислатҳои баланди роҳбарӣ миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ин фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат, меъмори сулҳу ваҳдат ва асосгузори давлатии миллии Тоҷикистони муосир аст.
9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун давлати соҳибистиқлол пайдо гашт. Барои давлати навини тоҷикон марҳилаи эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Вале, ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин марҳилаи таърихи навини тоҷикон, ки таърих ва фарҳанги қадима доранд ба бӯҳрони сиёсии солҳои 90-уми қарни ХХ ба ном «ҷанги шаҳрвандӣ» дучор мегардад.
Низои сиёсии тоҷикон-ҳамчун таҳавуллоти шаклҳои ҷустуҷӯӣ аз байн бурдани фазои зиндагӣ, айният бо муносибатҳои давлатҳои навтаъсисёбанда қаламдод карда мешавад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон бо як буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии амиқ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997), ки ҳазорҳо нафарро қурбон ва садҳо ҳазорро беҷо ва бехонумон кард, кишварро ба гирдоби нооромиҳо кашид. Воқеан ҳам ҳангоми аланга гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ миллати тоҷик ба роҳбаре ниёз дошт, ки онҳоро зери як идеология ҷамъ оварда миллатро мутаҳид созад. Ба андешаи коршиносон дар чунин вазъият на бо зури бозуву силоҳ, балки тавасути хирад ва дониш метавон миллатро сарҷамъ намуд. Оид ба ин масъала коршиноси ватанӣ профессор Ятимов С.С. дарҷ менамояд, ки “Муҳимтарин шакли амалияи ҳокимияти давлатӣ бо тавони Сухан водор кардани ҳамватанон барои эҳсоси масъулияти ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад”.
Маҳз дар ҳамин вазъияти фоҷиабор, ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шуро интихоб гардид. Ҷумлаи таърихии ӯ дар ҳамон иҷлосия: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!», ибтидои роҳи сулҳомезе шуд, ки дар таърихи навини тоҷикон бо хатҳои зарин навишта хоҳад шуд.
Раванди ба даст овардани сулҳи тоҷикон ду омил дорад, яке хиради азалии халқи тоҷик, ки дар хуну пуст ва тинати онҳо оромиву покӣ ва озодиву осоиштагӣ нуҳуфтаст ва дуюмин ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он ҳангом барои сарҷамъии миллат ҳозир буд ҷони худро нисор кунад. Дар раванди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ Эмомалӣ Раҳмон, бо азхудгузаштанҳояш исбот намуда, нишон доданд, ки ҳадафашон танҳо сарҷамъии миллат аст.
Маҳз бо талоши шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба сулҳу суботи кунунӣ мушараф гардиданд. Миллати хирадманду солори мо бар аҳримани ҷангу куштор бо ақлу заковати худ пирӯз шуд ва мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро бино гузошт. Бо назардошти саҳми бузург дар эҳё ва таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон ва пойдории сулҳ дар Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин мардуми сипосгузори тоҷик ба поси азхудгузаштагӣ ва муборизаҳои ҷоннисоронаи Сарвари худ дар бунёди давлати муосири Тоҷикистон ӯро ба мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат пешбарӣ ва эътироф карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ, ташаббусҳои глобалӣ, хизматҳои басо арзишманд дар тавсеаи ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстии байни давлатҳову мардумон ва робитаҳои гуногунсоҳаи башардӯстӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҷоизаву мукофотҳои як қатор давлатҳо ва созмонҳои умумиҷаҳониву байналмилалӣ, аз ҷумла бо медали “Барои хизмати шоён дар ҳифзи сарҳади давлатӣ”-и Федератсияи Русия (25 августи соли 1994), Ситораи тиллоии Алберт Швейсер (15 январи соли 2000), ҷоизаи байналмилалии «Сулҳ-99» (15 октябри соли 1999), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пётри Кабир (20 марти соли 2002), , Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср” — Ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст” (29 марти соли 2005), Ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд” (27 апрели соли 2005), Медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон” (25 июни соли 2005), Медали тиллоии давлати Миср (5 феврали соли 2007), Ситораи ёқути сурх “Миротворец” (Сулҳовар)-и Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи “Миротворец” (Сулҳовар) ва Хазинаи байниминтақавии ҷамъиятии хайрияи “Созвездие” (Галаситора) (25 июни соли 2007), Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (5 октябри соли 2007), дараҷаи 1-и Ордени княз Ярослави Ҳакими Украина (3 декабри соли 2008), Ордени “3 Ситора дараҷаи 1” бо занҷираи зарини Латвия (11 июли соли 2009), Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола” (23 марти соли 2010), Мукофоти олии давлатӣ — Нишони Покистон (8 марти соли 2011), Ордени байналмилалии “Моҳи нав ва ситора” (19 майи соли 2011), Медал ва шаҳодатномаи Шӯрои Аврупо — “Пешвои асри ХХI” (17 августи соли 2011), мукофоти олии давлатии Украина — Орден “Барои хизматҳо” дараҷаи 1 (15 ноябри соли 2011), мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени “Ҳайдар Алиев” (12 июли соли 2012), Ордени Президенти Туркманистон “Битараплик” (Бетарафӣ) (23 августи соли 2012), мукофоти Давлати Кувайт Ордени “Муборак Алкабир” (23 июни соли 2013), мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ” (Ордени подшоҳӣ) (28 майи соли 2014), мукофоти олии Федератсияи Русия — Ордени “Александр Невский” (27 феврали соли 2017), мукофоти давлатии Қазоқистон — Ордени давлатии “Парасат” (Фаросат) (14 марти соли 2018), мукофоти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” (17 августи соли 2018), “Нишони фахрӣ”-и сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи соли 2021), ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Русия (4 октябри соли 2022), Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) (31 октябри соли 2022), ордени “АЛТИН ҚИРОН”-и Ҷумҳурии Қазоқистон (04.05.2023), ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Русия (21.11.2023), ордени “Дуслик” (Дӯстӣ)-и Ҷумҳурии Тотористон (22.02.2024), ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин (5.07.2024) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Гуфтан лозим аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта истодааст ва инро метавон дар андешаҳои яке аз чеҳраҳои сиёсии машҳури асри XXI Перезиденти Федератси Росия Владимир Владимирович Путин, мушоҳида намуд: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар!”. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Федералии Олмон Йоханнес Рау боадолатона дарҷ мекунад, ки “Тоҷикистон ба сафи иттиҳоди зиддитеррористӣ бетаъхир ворид гардид, мо барои ин сипосгузорем. Тамоми кӯшишҳои ҳамарӯзаи Эмомалӣ Раҳмон барои суботи вазъи сиёсӣ ва ризоияти миллӣ дар дохили мамлакат намунаи ибрати давлатҳои дигар мебошад”.
Гуфтаҳои боло гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофар натанҳо дар дилу дидаи халқи тоҷик балки мақбули дилҳои тамоми ҷаҳониён аст. Чун, бо пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии СММ (24 сентябри 2024) қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон шуд, ки ин нишонаи ҷиддии нақш ва ҷойгоҳи Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини ояндаи бехатари аҳли башар мебошад.
Дар маҷмуъ аксарияти сокинони саёраи замин имрӯзҳо дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сулҳҷуву сулҳофарро мебинанду таҷасум мекунанд.
Давлатов Миралӣ- дотсент, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ

Related Articles

Leave a Comment