Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ ВАҲДАТ

ВАҲДАТ

by admin
17 views
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.
Лаби хандон биёредо ба рӯзи шодмониҳо,
Ки аз лабханд гардун ҳам намояд гулфишониҳо.
Зи ҳамдигар биёмӯзем расми меҳрубониҳо,
Ки аз мо дигарон гиранд панди ҳамзабониҳо.
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат,
Ки орад ишқатон мӯъҷизаи афсонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.
✍️Ҳақназар Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment