Home ХАБАР РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ШАХС, ҶАМЪИЯТ ВА ДАВЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТО

РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ШАХС, ҶАМЪИЯТ ВА ДАВЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТО

by admin
19 views
Бо чунин ном имрӯз (13.06.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 80-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.
Ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён пеш аз оғози конференсия аз намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон дидан намуданд.

Дар конференсия ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, олимону муҳаққиқон аз донишгоҳу донишкадаҳо: Файзализода Баҳрулло-доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи технологияи рақамӣ ва амнияти киберии Академияи идоракунии давлатии на
зди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назаров Аҳтам Пулотович-доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳамидова Дилором Насруллоевна, доктор PhD аз рӯи ихтисоси амсиласозии математикӣ ва компютерӣ, дотсент, муовини ректори ДТМИК, Аюбзода Сафар Аюб, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ ва ҳайти устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ташрифи меҳмонони гиромӣ, олимону донишмандон ва муҳаққиқону мутахассисони соҳаро ба ин боргоҳи илму маърифат-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро боиси шодии афзун ва ифтихормандии ҷомеаи меҳнатдӯсту заҳматқарини муассиса арзёбӣ намуд.
Дар зимн таъкид дошт, ки бо тавсеаи босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ, дастрасӣ ба иттилоот васеъ гардида, ҳамзамон хавфҳои нав ба фазои иттилоотӣ роҳ меёбанд. Аз ин рӯ, ҳифзи муҳити иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ, паҳншавии иттилооти бардурӯғ (фейк), сӯиистифода аз маълумоти шахсӣ ва дигар таҳдидҳои шабакавӣ, вазифаи муҳим ва ҳамзамон мураккаб мебошад, ки талоши ҳаматарафаи ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо мекунад.
Амнияти иттилоотӣ мафҳуми бисёрҷанба буда, ҳифзи маълумотро аз таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла ҳамлаҳои киберӣ, паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ё ба истилоҳ фейк, сӯиистифода аз маълумоти шахсӣ ва дигар амалҳои таҳдидомезро дар бар мегирад. Ин таҳдидҳо на танҳо ба сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ, балки ба ҳар як шаҳрванд таъсир расонида, боиси нигаронии ҷиддӣ гашта метавонанд.
Ишора рафт, ки нақши муассир ва ташаббускоронаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоёни таъкид аст. Ин муассисаи таҳсилоти олӣ ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми илмӣ-тадқиқотии кишвар, дар самти омӯзиш, таҳқиқ ва густариши донишҳои марбут ба амнияти иттилоотӣ саҳми намоён дорад. Лоиҳаи илмӣ-фармоишии дарозмуддати “Роҳҳои баланд бардоштани амнияти иттилоотии шахс, ҷамъият ва давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо роҳбарии дотсент Аюбзода Сафар Аюб ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо далели эътимоди давлат ба иқтидори илмии донишгоҳ, балки намунаи равшани ҳамкории байни илм ва амнияти миллӣ мебошад. Маврид ба таъкиди хос аст, ки таҳияи мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ, монографияҳои илмӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ бахше аз нишондоди нақшаи амалигардонии лоиҳаро фаро мегирад, ки дар рушди минбаъдаи соҳа дар кишвар ҳамчун омили мададрасон ба кор хоҳад рафт.
Дар идома тибқи барномаи конфронс: Файзализода Баҳрулло-доктори илмҳои педагогӣ, профессор дар мавзуи “Нақши амнияти иттилоотӣ дар таъмини истиқлолияти рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Назаров Аҳтам Пулотович-доктори илмҳои педагогӣ, профессор дар мавзуи “Мафҳумҳои асосии амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоот”, Ҳамидова Дилором Насруллоевна, доктор PhD аз рӯи ихтисоси амсиласозии математикӣ ва компютерӣ, дотсент дар мавзуи “Алгоритмҳои таснифсозӣ ҳамчун асоси низомҳои зеҳнии бехатарии иттилоотӣ”, Аюбзода Сафар Аюб, дотсент дар мавзуи “Асосҳои ҳуқуқӣ, таҳдидҳо ва механизмҳои ҳифзи иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои ҷолиби диққат ва илман асоснок ироа намуда, таъкид доштанд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо имкон фароҳам меоранд, то донишмандон, муҳаққиқон ва коршиносон аз муассисаҳои гуногун дар фазои ягонаи муколама ва ҳамкорӣ масъалаҳои мубрами соҳаи амнияти иттилоотиро аз дидгоҳҳои гуногун мавриди таҳлил қарор диҳанд.
Ин гуна конфронсҳо воситаи муҳим барои ҳамгироии назария ва амалия, рушди стратегияи миллӣ ва ташаккули сиёсати иттилоотии давлат маҳсуб меёбанд. Баромадҳо ва муҳокимаҳои имрӯза метавонанд ба таҳияи тавсияҳои воқеӣ, такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани омодагии сохторҳои дахлдор дар муқобили таҳдидҳои иттилоотӣ мусоидат намоянд.
Изҳори умед карда шуд, ки ҷамъомади имрӯза на танҳо дар таҳкими дониш ва сатҳи касбии иштирокчиён нақш мебозад, балки ҳамчун замина барои ташаккули шабакаи илмии ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои таҳқиқотӣ хидмат хоҳад кард.
Кори конференсия қисмати 2-юми рӯз дар 2 бахш бо таҳлилу баррасии беш аз 40 мақолаи олимону муҳаққиқон идома меёбад.
Муҳаммадҷони Абдувоҳид,
“Анвори дониш”

Related Articles

Leave a Comment