Санаи 13 июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини ректор оид ба идора ва хоҷагӣ-Мухторзода Муъмин, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус-Давлатов Миралӣ, ҳуқуқшиноси донишгоҳ- Назарзода Бахтиёр ва кормандони бахши хоҷагӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба уҳдадориҳои вазифавӣ, тартибу интизоми меҳнатӣ ва таъмини иҷрои саривақтиву босифати корҳои хоҷагии донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Муовини ректор, Мухторзода Муъмин, зимни суханронии худ ба аҳаммияти риояи қатъии уҳдадориҳои вазифавӣ таъкид намуда, зикр кард, ки иҷрои саривақтиву босифати корҳои хоҷагӣ на танҳо як вазифаи муқаррарӣ, балки яке аз омилҳои калидии таъмини муҳити солими кор дар донишгоҳ маҳсуб мешавад. Ӯ аз масъулони бахш даъват ба амал овард, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ масъулиятшинос бошанд ва ба тозагӣ, тартибот ва ҳолати техникии биною иншоот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Сипас, Давлатов Миралӣ вобаста ба масъалаи риояи интизоми меҳнат ва зарурати иҷрои дақиқи дастурҳои роҳбарият андешаронӣ намуда, ҳозиринро ба баланд бардоштани ҳисси масъулияти касбӣ ҳидоят намуд.
Ҳуқуқшиноси донишгоҳ- Назарзода Бахтиёр, паҳлуҳои ҳуқуқии фаъолияти кормандони бахши хоҷагиро шарҳ дода, иҷрои уҳдадориҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва низомномаи дохилии донишгоҳ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа, бо мақсади беҳтарсозии фаъолияти бахш, баланд бардоштани сатҳи масъулият ва таҳкими назорати дохилӣ, як қатор супоришҳо ва тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.