Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БА СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ САРЗАМИНАМОН ШУКРОНА БОЯД КАРД

БА СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ САРЗАМИНАМОН ШУКРОНА БОЯД КАРД

by admin
17 views
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз муқаддастарин арзишҳои миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Маҳз ба шарофати сулҳу субот, Тоҷикистони мо имрӯз ба сӯи рушду шукуфоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳар фарди бедордил бояд шукронаи ин неъмати бузург-сулҳ ва ваҳдати миллиро ба ҷо орад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сулҳу ваҳдат ва ғояи ин омили ҳастибахш мефармояд: «Ҳар касе, ки ниҳолеро сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша бар решаи он расад».
Дар воқеъ, имрӯз аз самари талошҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик бо роҳбарии хираддмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ниҳоли ваҳдат имрӯз ба дарахти пурмева табдил ёфтааст. Самараи он-сулҳ, субот, пешрафт ва зиндагии осоиштаи мардум аст. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат ҷомеа метавонад бар монеаҳо пирӯз шавад, мушкилотро паси сар кунад ва барои наслҳои оянда шароити сазовор фароҳам оварад.
Пас аз ба даст овардани истиқлол, маҳз ваҳдати миллӣ боис шуд, ки Тоҷикистон сиёсати мустаҳками давлатдорӣ пеш гирад. Дар ин марҳила бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат роҳҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар бунёд гардиданд, муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои ҷаҳон густариш ёфтанд ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ чеҳраи воқеии худ-миллати фарҳангсоз, созанда ва хирадмандро нишон дод.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар чеҳрааш нишони шодиву бовар ба фардо дорад. Зеро медонад, ки ваҳдат рамзи бақои давлат ва кафолати ояндаи обод аст. Миллате, ки дар гузашта ба вартаи парокандашавӣ наздик шуда буд, имрӯз бо иродаи қавӣ сарҷамъ ва муттаҳид аст. Маҳз ҳамин сарҷамъву муттаҳиддӣ ва баҳамойии мардумонамон дар мароҳили таърихи боиси наҷоти давлату миллат гардидааст. Имрӯз ин нерӯ, яъне якдиливу ҳамираъйӣ боиси саодати зиндагии ҷомеаи кишварамон гардидааст. Тавре Пешвои муаззами миллат мефармоянд, “Мо барномаи яроқи ҳастаӣ ва яроқи ҳастаӣ ҳам надорем. Яроқи ҳастаии мову шумо дар ваҳдати миллӣ аст, дар сарҷамъии миллат аст!”
Мо, тоҷикон, бо ифтихор метавонем гӯем, ки дар замони муосир миллати мо бо хиради азалӣ ва раҳнамоии шахсияти барҷаста-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист роҳи наҷот, ваҳдат ва пешрафтро дар пеш гирад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз дар радифи кишварҳои амну босуботи ҷаҳон ҷой гирифтааст. Ин ҳама музаффарияту пешравиҳо аз юмни субот ва ваҳдати миллат насиби мо гардидааст.
Ҳамин аст, ки омили саодатоварии сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Вазифаи имониву виҷдонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки шукронаи доштани чунин неъматро ба ҷо биорем ва масъулиятшиносонаву худогоҳона онро ҳифз ва ҳимоят созем.
Гулматов Маҳмадалӣ, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment