Санаи 10.06.2025 Холиқзода Аҳлиддин Юлдош — муаллими калони кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Мукаммалгардонии механизми ташкилӣ-иқтисодии идоракунии ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонов Абдулҳайт Каримович барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз руйи ихтисоси 6D050700- Менеҷмент (6D050704-Tашкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.