Home ХАБАР ФАРҲАНГИ ИНСОНДӮСТӢ ДАР АМАЛ: КУМАК БА ЯТИМОН ВА НИЁЗМАНДОН ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

ФАРҲАНГИ ИНСОНДӮСТӢ ДАР АМАЛ: КУМАК БА ЯТИМОН ВА НИЁЗМАНДОН ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

by admin
20 views
Рӯзи 4 июни соли 2025 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми хайриявиро ба муносибати иди Қурбон роҳандозӣ намуд.
Иди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, бо ин рӯҳия, раёсати донишгоҳ бо роҳбарии ректори муассиса, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, омӯзгорон ва кормандон, иқдоми хайриявиро дар самти кумак ба ҳайати кормандони ниёзманди донишгоҳ ва кӯдакони ятими Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб амалӣ намуданд.
Дар доираи ин ташаббус ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат кумакҳои моддӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ (орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз, шириниҳо) дастрас гардонида шуд. Ҳамзамон як қатор кормандони собиқадор ва ниёзманди донишгоҳ низ бо чунин кумакҳо фаро гирифта шуданд.
Мақсади иқдом, ташвиқи фарҳанги кумак ба ниёзмандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонгароӣ ва тақвияти масъулияти иҷтимоии донишгоҳ дар назди ҷомеа мебошад.
Тибқи маълумоти масъулини мактаб-интернат, айни ҳол дар муассиса 183 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 28 нафарашон духтарон мебошанд. Барои онҳо дар муассиса тамоми шароити лозимаи таълим ва зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳайати кормандону собиқадорони донишгоҳ ва мудирияти мактаб-интернат, инчунин кормандон ва тарбиятгирандагони муассисаи мазкур аз ин иқдоми хайрхоҳона истиқболи самимӣ намуда, ба Роҳбарияти олии кишвар ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои дастгирии пайваста ва ғамхории башардӯстона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ташкили чунин амалҳои хайриявӣ дар рӯзҳои муҳими тақвимӣ — ҷашнҳои миллӣ ва байналмилалӣ — аллакай ба анъанаи нек дар фаъолияти донишгоҳ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти аҳамияти баланди иҷтимоии ин иқдомҳо, Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро дар марҳилаҳои минбаъда ва дар дигар муассисаҳои ниёзманд амалӣ намояд.

Related Articles

Leave a Comment