Санаи 3 июни соли 2025 дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқбол ва қадршиносии дастаи футзали донишгоҳ, ки ғолиби даври ниҳоии мусобиқаи «Лигаи футзали донишҷӯёни Хатлон-2025» гардид, баргузор шуд.
Дастаи ғолибро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, ҳайати раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо як рӯҳияи баланди ифтихор ва самимият истиқбол гирифтанд.
Маросими қадршиносӣ дар толори варзишии донишгоҳ бо ширкати густурдаи устодону донишҷӯён сурат гирифт. Дар оғози чорабинӣ, ректори донишгоҳ зимни сухани шодбошӣ таъкид намуд, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз василаҳои муҳимми таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин ишора рафт, ки ҳукумати кишвар, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мекунад.
Аз ҷумла, эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои равшани саҳми кишвар дар арсаи байналмилалии варзиш арзёбӣ гардид. Ин иқдом далели равшани нуфуз ва мавқеи кишвари азизи мо-Тоҷикистон, дар арсаи ҷаҳонист.
Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки ғалабаи дастаи футзали донишҷӯён ба истиқболи ҷашни 80-солагии таъсиси донишгоҳ туҳфаи арзишманд ва мояи ифтихор мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба донишҷӯёни узви даста, омӯзгорону роҳбарони онҳо сипосномаҳои ректори донишгоҳ супорида шуда, масъалаи кумаки молиявӣ ба онҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки 2 июни соли 2025, дар ноҳияи Данғара маросими ҷамъбасти мусобиқаи «Лигаи футзали донишҷӯёни Хатлон-2025» баргузор гардид. Дар ин мусобиқа, ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бо иштироки 7 даста аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон доир шуд, дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо намоиши бозии ҳамоҳанг, иродаву маҳорати баланд дар ҳамаи даврҳо бар рақибон дастболо гардида, унвони чемпиони лигаро ба даст овард.
Ин дастоварди варзишӣ на танҳо натиҷаи кӯшишу заҳмати футзалбозон, балки самари дастгирии роҳбарият ва фаъолияти пайвастаи устодону мураббиён мебошад. Пирӯзии даста рӯҳияи донишҷӯёнро боло бурда, мақоми донишгоҳро дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ боз ҳам баландтар намуд.
Ғолибон ва бозигарони беҳтарини мусобиқа аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо ҷом, медал, сипоснома ва туҳфаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Дар ҳоли ҳозир, дастаи футзали донишгоҳ ба таври ҷиддӣ барои иштирок дар марҳилаи ҷумҳуриявии лигаи футзали донишҷӯён омодагӣ мебинад. Ҳадафи асосии онҳо-ҳимояи шарафи вилояти Хатлон ва расидан ба комёбиҳои нав дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Ин пирӯзӣ далели рушди муҳити солими таълимӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарбияи шахсиятҳои муваффақ ва нуфузи афзояндаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Раёсати донишгоҳ кулли устодон ва донишҷӯёнро бо ин пирӯзии ифтихорофарин табрик гуфта, ба дастаи ғолиб барои иштирок дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ музаффарияту муваффақиятҳои нав орзу менамояд.