Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ ДАСТАИ ДДК ЧЕМПИОНИ ЛИГАИ ФУТЗАЛИ ХАТЛОН-2025

ДАСТАИ ДДК ЧЕМПИОНИ ЛИГАИ ФУТЗАЛИ ХАТЛОН-2025

by admin
18 views
Рӯзи 2 июни соли 2025 дар ноҳияи Данғара маросими ҷамъбасти лигаи футзали донишҷӯён: Хатлон-2025, баргузор гардид. Ин мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бо иштироки 7 даста аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон баргузор шуд.
Дар фазои гарми рақобати варзишӣ, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо намоиши бозии ҳамоҳанг, иродатмандонаву ҳирфаӣ дар ҳамаи даврҳо бар рақибон пирӯз омада, унвони чемпиони лигаи «Хатлон-2025»-ро ба даст овард.
Ин комёбӣ танҳо натиҷаи маҳорати варзишгарон нест, балки самари заҳмати пайвастаи устодон, мураббиён ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Пирӯзии даста на танҳо рӯҳияи донишҷӯёнро боло бурд, балки мақоми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабддуллоҳи Рудакиро дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ боз ҳам баландтар кард.
Ғолибон ва бозигарони беҳтарини мусобиқа аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо ҷом, медал, сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Федератсияи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳоло дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба таври ҷиддӣ барои марҳилаи ҷумҳуриявии лигаи футзали донишҷӯён омодагӣ мебинад. Ҳадафи онҳо-намоиши бозии диданӣ, ҳимояи шарафи вилояти Хатлон ва расидан ба пирӯзиҳои нав дар сатҳи ҷумҳурист.
Ин дастовард боз як далели равшани рушди варзиш дар муҳити таълимӣ, ташаккули шахсияти солим ва баланд гардидани нуфузи донишгоҳ дар майдони варзиши касбӣ мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кулли ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаро бо ин пирӯзии ифтихорофарин самимона табрик гуфта, барои дастаи ғолиб дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ барору комёбиҳои нав орзу менамояд. Ин ғалаба мояи ифтихору сарфарозии тамоми ҷомеаи донишгоҳист.
Умарҷон Тошматов,
«Анвори дониш»

Related Articles

Leave a Comment