Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
77 views
Санаи 4.06.2025 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет дар мавзуи “Соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо” бахшида ба 80-солагии муассиса баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Гадоев Шералӣ, ҳайати омӯзгорони факултет ва дигар донишҷӯён иштирок доштанд.
Кори конфронсро мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дотсент Гадоев Шералӣ оғоз намуда, иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти муҳими асри XXI маҳсуб ёфта, оқибатҳои он ба муҳити зист, захираҳои об, фаъолияти иқтисодию иҷтимоии инсон ва амнияти озуқаворӣ таъсири амиқ мерасонад.
Сипас, донишҷӯи курси якуми факултет Рустамова Алқосбӣ дар мавзуи “Оқибатҳои номатлуби тағйирёбии иқлим дар асри XXI” маърӯзаи худро ироа намуд.
Ҳамзамон Иброҳимова Рухшона номзади илмҳои география, муаллими калони кафедра доир ба масъалаи тағирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёти давлвтҳо ибрози андеша намуданд.
Дар идома сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим ба яке аз мушкилоти ҷиддии башар табдил ёфтааст ва таъсири манфии он рӯз то рӯз бештар эҳсос мешавад. Мавсуф қайд намуданд, ки обшавии пиряхҳо, кам шудани захираҳои об, хушксолӣ, офатҳои табиӣ ва дигар тағйиротҳои муҳити зист на танҳо ба табиат, балки ба зиндагии ҳаррӯзаи инсонҳо таъсири калон мерасонанд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment