Home ХАБАР ҲАМОИШ ДАР ҲОШИЯИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

ҲАМОИШ ДАР ҲОШИЯИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

by admin
28 views
30 май 2025 Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба ҳифзи муҳити зист ва аҳамияти ҳаётии онҳо барои башарият» баргузор гардид. Чорабинӣ дар ҳошияи “Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо” баргузор шуда, ба мавзӯъҳои муҳими экологӣ ва нақши ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ бахшида шуд.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, мудири кафедраи фалсафа, дотсент Ғаюров Лоиқ ва устодону омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ҷаҳонии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун пешсафи баррасии масъалаҳои глобалии обу иқлим ва пиряхҳо эътироф шудааст. Қабули ташаббусҳои пешниҳодкардаи Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели он аст, ки кишвар ба ҳайси субъекти фаъолу таъсиргузори сиёсати ҷаҳонии экологӣ шинохта шудааст. Ба таъкиди Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон нақши пешсаф ва нуфузи барҷаста дорад.
Дар идомаи ҳамоиш, дотсент Ғаюров Лоиқ, мудири кафедраи фалсафа, бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи «Арзишҳои фалсафии муносибати инсон бо табиат ва нақши маърифат дар ҳифзи муҳити зист» баромад кард. Сипас, Камолов Шодмонҷон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, дар мавзӯи «Аҳамияти экзистенсионалии ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба масъалаи обу пиряхҳо», Гадоев Шералӣ, номзади илмҳои география, дотсент ва мудири кафедраи география ва сайёҳӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҳифзи пиряхҳои ҷаҳон», ва Шокирзода Аёз, ассистенти кафедраи фалсафа, дар мавзуи «Фалсафа ва проблемаҳои глобалии ҳифзи муҳити зист» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Ҳамоиш дар фазои илмӣ ва созанда ҷараён гирифта, ба иштирокчиён шароити мусоид фароҳам овард, то андешаҳои худро оид ба паҳлуҳои фалсафӣ, илмӣ ва амалии ҳифзи муҳити зист иброз намоянд. Мавзӯъҳо на танҳо зарфияти назариявии муҳаққиқонро бозгӯ карданд, балки аҳамияти рӯзмарраи ташаббусҳои Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои башарӣ таъкид намуданд.
Ин чорабинии илмӣ бори дигар собит сохт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ танҳо як муассисаи таълимӣ нест, балки ба сифати пойгоҳи муҳими рушди афкори экологӣ ва таҳкими маърифати ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба табиат ва арзишҳои умумибашарист.
Гузаронидани чунин ҳамоишҳо, ки дар ҳошияи ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ва дар партави сиёсати созандаи экологии ӯ баргузор мегарданд, бозгӯи онанд, ки Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои муҳими глобалӣ саҳми арзанда дошта, ҷонибдори амалии ташаккули ҷаҳони сабзу амн барои наслҳои оянда ва зиндагии саодатманди ҷомеаи башарист.

Related Articles

Leave a Comment