Санаи 31.05.2024 дар кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ доткори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат, мудири кӯдакистон, номзади илмҳои педагогӣ Саодати Раҳмоналӣ, падарону модарон, мураббияҳо ва кӯдакон иштирок доштанд.
Чорабиниро мудири кӯдакистон Саодати Раҳмоналӣ оғоз бахшида, ҳозирин ва махсусан кӯдаконро ба Рӯзи байналмилалии ҳафзи кӯдакон табрик намуда, таъкид доштанд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо ҷашни шодии кӯдакон, балки рӯзи ёдрас ба масъулияти ҷомеа дар назди ин насли наврас аст. Ӯ бо иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт:
«Барои давлат миллати солим, мардуми солим зарур аст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд. Таъмини ҳуқуқҳои онҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбат ба кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад».
Сипас, профессор Муҳаббат Иззатова суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки таҷлили Рӯзи кӯдакон на танҳо ҷашни фароғатӣ, балки як чорабинии тарбиявӣ ва иҷтимоиест, ки ҷомеаро ба ҳимоя ва дастгирии кӯдакон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва муҳайё сохтани шароити мусоиди зиндагиву рушд водор месозад. Ӯ афзуд, ки кӯдакони имрӯз — поягузорони ҷомеаи фардо мебошанд ва мо — калонсолон вазифадорем, ки шароити сазоворро барои камолоти онҳо муҳайё намоем.
Дар идомаи барнома, тарбиятгирандагони кӯдакистон бо намоиши як барномаи ҷолиби фарҳангӣ рӯҳияи идонаро ба чорабинӣ бахшиданд. Онҳо бо рақсу сурудҳои бачагона, шеърхонӣ ва бозиҳои шавқовар истеъдоди хешро муаррифӣ намуданд, ки бо кафкӯбиҳои пурмавҷи тамошобинон истиқбол ёфт.
Дар охир ба тарбиятгирандагони кӯдакистон, ки шурӯъ аз соли нави таҳсил ба муассисаҳои миёна барои таҳсил фаро гирифта мешаванд, ифтихорномаи роҳбарияти кӯдакистон тақдим карда шуд.