Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2030, №08/02-819, санаи 30 майи соли 2025 вохӯрии муҳим бо намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили дипломатияи мардумӣ — хонум Эмбер Ора, баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин мулоқоти созанда, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳоро дар самти омӯзиши забони англисӣ баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, диққати асосӣ ба имкони ҷалби омӯзгорони забони англисӣ аз ИМА ба муассиса равона шуд. Ин иқдом бо дарназардошти дархости МТОК ва ниёз ба сатҳи баланди забондонӣ дар байни донишҷӯён, ҳамчун қадами муҳим дар роҳандозии барномаҳои сифатноки таълимӣ арзёбӣ гардид.
Хонум Эмбер Ора омодагии Сафорати ИМА-ро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мусоидат ба татбиқи барномаҳои таълимии муштарак таъкид намуд. Ҷонибҳо инчунин дурнамои ташкили семинарҳо, курсҳои кӯтоҳмуддат ва лоиҳаҳои табодули омӯзгоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ба таҳкими робитаҳои таълимӣ ва фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико заминаи тоза бахшид.