Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МУХТАСАРЕ АЗ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ МИРЗО БОЗОРИ ХАТЛОНӢ

МУХТАСАРЕ АЗ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ МИРЗО БОЗОРИ ХАТЛОНӢ

by admin
48 views
Адабиёти тоҷик аз қарнҳо боз на танҳо манбаи ҳувият ва тафаккури миллӣ, балки заминаи парвариши чеҳраҳои бузурги фикрӣ ва маънавӣ будааст. Дар ҳар давру замон доираҳои адабӣ ҳамчун марказҳои андешаофарӣ фаъолият карда, дар партави маърифат ва суханварӣ як силсила афроди донишманду шеърофарро ба ҷомеа эҳдо намудаанд. Вале бо ҳама арзишу таъсири ин мактабҳои маърифатпарварӣ, на ҳамаи фарзандони барӯманди онҳо ба таври шоиста шинохта ва муаррифӣ шудаанд.
Минтақаи Хатлон яке аз чунин сарзаминҳост, ки дар таърихи адабии мо бо мероси ғании адабӣ ва ҳузури адибони нотакрор ҷойгоҳи хос дорад. Аз миёни ҳамин муҳит чеҳраҳои зиёде бархостанд, ки бо вуҷуди шоистагии илмӣ ва суханварии воло, то ба имрӯз ба таври ҷиддӣ ба хонандаи умумӣ муаррифӣ нашудаанд. Яке аз чунин симоҳои адабӣ-Хотири Хатлонӣ (Мирзо Бозор) аст, ки ҳаёту фаъолияти илмиву адабиаш бо муҳтавои баланд, ҷасорати андешаву озодфикрӣ ва забони равону пурғановат фарқ мекунад.
Хушбахтона, имрӯз тавассути заҳмати муҳаққиқ Ибодулло Оқилов, ки дар мақолаи хеш зери унвони «Мухтасаре аз ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Бозори (Хотир)-и Хатлонӣ» (https://www.facebook.com/share/p/1USFf22tfu/) чеҳраи ин шоири асри XIX-ро рӯшан месозад, имкони он фароҳам омадааст, ки хонанда бо як шахсияти барҷастаи адабии маҳаллии худ шинос гардад. Мақолаи мазкур, ки бо истифода аз манобеи шифоҳӣ, таҳлилҳои сабки сухан ва мазмунҳои ашъор таҳия шудааст, на танҳо баёнгари зиндагии пурфарозу нишеб ва фикру андешаи Хотир мебошад, балки намунаи таҳқиқи ҷиддии адабӣ ва мероси маънавии халқи тоҷик низ ҳаст.
Мо-аҳли эҷоди рӯзномаи “Анвори дониш” ин навиштаро бо ифтихор ба хонандагони рӯзнома пешкаш мекунем ва бар онем, ки чунин таҳқиқоти ҷиддӣ бояд пайгирона нашр шаванд, то гӯшаҳои ношинохтаи таърихи адабиёти миллӣ рӯшантар ва дастрастар гарданд. Мақолаи мазкур на танҳо ба аҳли илму адаб, балки ба ҳар як дӯстдори фарҳанг ва таърихи миллӣ тавсия мешавад. Зеро ҳар шоири фаромӯшшудае, ки шинохта мешавад, порчае аз ҳувияти мо аз гӯшаи пурифтихор аст.
Бо ҳамин эҳсоси масъулият ва садоқат ба арзишҳои маънавӣ матлаби зерро ба хонандаи гиромӣ пешниҳод менамоем.
******
МУХТАСАРЕ АЗ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ МИРЗО БОЗОРИ (ХОТИР)-И ХАТЛОНӢ (1804-1885)
Боиси хурсандист, ки адабиёти мо дар тули солҳо рушд ёфта, бо афкори тозаву ҷадидаш гулзори маониро рангину мунақкаш сохта, дар ҳавои фораму муаттараш қалбҳои хаставу зудуда чун ғунчаҳои баҳорӣ мешукуфанд ва аз худ дунёи рангинеро ба намоиш мегузоранд.
Адабиёти мардуми порсигӯ фарроху беохир аст ва дар ҳар давру замон дар ин корзори сайд афкори тозаву ҷадиде нумуъ кардаву ҳамеша дар ҳоли сабзидан аст.
Бахусус дар сарзамини хатлонзамин дар тули қарнҳо макотиби адабие арзи вуҷуд карда, ки даҳҳо шоирону нависандагонро ба воя расонидааст ва аз онҳо мероси арзишманде боқӣ мондааст, ки имрӯз ашъори онҳоро мардум бо шавқ мутолиа менамоянд.
Бо камоли таассуфу нигаронӣ бояд зикр намуд, ки чун дар он давру замон иддаи ками мардум соҳиби хату савод буданд, ашъори шоирони ин давра дар шакли эҷодиёти даҳонӣ пахш мегардид ва баъзан аз тарафи ашхоси босаводе китобат мегардид. Бо сабабҳои гуногун қисмати зиёде аз осори шуарои хатлонзамин нопадид гардида, имрӯз дастраси дӯстдорони каломи бадеъ нагардидааст.
Бояд зикр намуд, ки дар минтақаи Хатлон доираҳои адабӣ дар аввоили асри XIX ва XX фаъолият доштаанд, ки даҳҳо шоиронро тарбия намуда, ба камол расондаанд. Дар деҳаи Хосиёни ноҳияи Ховалнг дар охири асри XIX ва аввоили асри XX шоире бо тахаллуси Хотир зиндагӣ ва фаъолият доштааст. Номи аслии ӯ Мирзо Бозор буда, фарзанди Шоҳиззатуллоҳ, яке аз сокинони ҳамин деҳа аст. Ба қавли пирони рӯзгордида соли таваллуди Хотир ба солҳои 1804-1805 тахмин зада мешавад. Соли вафоташ дақиқ маълум нест, вале мегӯянд, ки тахмин дар синни 81-82 солагӣ, яъне дар солҳои 1885-1886 вафот кардааст. Мирзо Бозор ду писар доштааст, ки яке Саид ва дигаре Қурбон ном доштаанд ва то солҳои 1924-1930 зиндагӣ намудаанд.
Хешовандони наздики Мирзо Бозор- Расулов Искандари 80 сола, ки дар колхози собиқ ба номи Ленини ноҳияи Восеъ зиндагӣ карда соли 1980 вафот кардааст, гуфтаҳои болоро қисса намудааст, ки Давлаталӣ Қосим онро дар маҳофилу маъракаҳо нақл мекардааст ва шоири халқ Хол Ислом, ки аз куҳансолону донишмандони Ховалинг буданд, инро дар замони зиндагиашон тасдиқ мекарданд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои фавқ Шоҳиззатулло деҳқони камбағале будааст ва аёлашро базӯр мехӯрондааст. Дар замоне, ки Шоҳиззатулло зиндагӣ мекард, мардум воқеан рӯзгори сангине доштанд, ки бо ин сабабҳо маҷбур буданд остони худро тарк намуда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба дигар шаҳрҳову минтақаҳо ба мардикорӣ бираванд. Аз ин ҷо ӯ ҳам муддате ба Афғонистону Бухоро ва водии Фарғона рафт, вале натавонист барои аёлаш рӯзӣ фаровон созад. Тасмим гирифт дубора ба деҳааш Хосиён баргардад ва пешаи қадимиашро, ки ҳезумфурӯшӣ ва боғдорӣ буд, идома диҳад. Орзуи ягонааш ин буд, ки фарзандаш Мирзоро соҳиби хату савод намояд. Аз ин рӯ дар бораи доираҳои адабии Бухорову Фарғона, ки он ҷойҳоро ба чашми худ дида буд ва дар бораи Ҳиндӯстон зиёд шунида буд, ба ӯ ҳикоят мекард ва меҳри донишандӯзиро дар ӯ бедор менамуд.
Ва инак фурсат фаро расиду Мирзо Бозор барои таҳсил ба Бухоро меравад, бо олимону фозилони кишварҳои мухталиф ошноӣ пайдо карда, баъд аз фаро гирифтани илмҳои замона дубора ба деҳаи Хосиёни Ховалинг бармегардад. Ӯ дидаву шунидаҳояшро дар ашъори худ зикр намуда, ба волии Хатлон Мизробхон пешниҳод менамояд.
Вақте ӯ бо донише мукаммал ба деҳа бармегардад ва дар масоҷиду маҳофил доир ба масоили мухталифи диниву ирфонӣ суханронӣ мекунад, бешубҳа ин ба табъи муллоҳои чаласаводу бехираду бефарҳанг хуш намеояд ва онҳо бо ҳар баҳона кӯшиш мекарданд, ки сангашро сабук намоянду дар маъракаву маҳофил бадному шармандааш созанд. Мирзо Бозор, ки бо диди тоза ислому ақоиди онро мешинохт, мардумро даъват мекард ба харҷҳои камаршикани хурофотӣ, ки барои ислом бегона аст, роҳ надиҳанд ва парастидани мазорҳову шахсони алоҳидаи мазҳабиро ҷуз хурофот чизи дигаре маънидод намекард. Ин як аслиҳае барои мулоҳои бесвод гардид ва дар ҳама ҷо ӯро ба хотири он ки гӯё аз суннатҳои мазҳабии мо берун шудааст, муттаҳам мекарданд ва аз мардум даъват менамуданд, ки ба суханонаш гӯш надиҳанд ва аз ӯ маслиҳат нагиранд. Мардум ҳам, ки аксари кулл бесавод буд, дар аксар маврид гуфтаҳои муллоҳову эшонҳоро бовар мекарданд ва дар ҳар ҷо, ки бо ӯ вомехӯрданд, санги маломаташ мезаданд. Ин нописандиву адами эҳтиром нисбат ба ӯ маҷбураш месозад барои идомаи таҳсил ба Ҳиндӯстон сафар намояд.
Мирзо Бозор сафари Ҳиндӯстонро пеш мегирад ва дар Банғола машғули таҳсил мешавад ва пас аз ду соли илмандӯзӣ дубора ба ватанаш бармегардад. Ин дафъа ӯ бо эшону шайхони маҳаллӣ ба таври дигар муносибат карда, сирф далелҳои худро аз рӯи қуръону дигар кутуби маъруфи динӣ баён месозад ва намегузорад, ки муллоҳову эшонҳо нисбаташ сухани носазо бигӯянд, зеро ҳар як суханашро ӯ аз аҳодису оёти қуръон мудалал месохт.
Ба нақл аз Расулов Искандар Хол Ислому Давлаталӣ Қосим қисса мекарданд, ки Мирзо Бозор марде буд қадбаланд, паҳлавонсурат, нотарсу далеру ҷасур. Ба ҷуз ин ки олими баркамоле будаасту шеър мегуфтааст, дар гӯштингирӣ ҳам бо беҳтарин паҳлавонон, ки аз Афғонистону водиҳои Фарғона меомаданд, зӯрозмоӣ мекардааст ва бо сарбаландӣ пирӯз мегардидааст. То ин дам касе ёд надорад, ки Хотирро паҳлавоне мағлуб карда бошад.
Мирзо Бозор ба ривоят аз Расулов Искандар се китоби шеър навишта, девони ашъорашро дар замони зиндагиаш, ки хаттоти чирадасте шинохта мешуд, мураттаб намуда будааст. Фарзандонаш дар маҳофилу маъракаҳо шеърҳои падарро мехонданд ва қариб тамоми сокинони остони Ховалинг як-ё ду шеъри ӯро аз ёд медонистаанд. Мутассифона, маълум нест, ки пас аз сари фарзандонаш китобҳои ӯ пеши кӣ мондаанд. Ҳамин қадараш маълум аст, ки Хол Ислому Давлаталӣ Қосим, ки донандагони хуби хати форсӣ буданд, ашъори ӯро бо ин хат рӯйбардор карда пеши худ гузоштаанд, ки дар асоси он девони ӯро таҳия намудем.
Бо он ки аксари ашъори шоир ба дасти мо нарасидааст, Мирзо Бозор аз худ мероси гаронқадру пурарзише боқӣ гузоштааст. Ӯ дар ҳама жанрҳо, аз ғазал то қитъаву муфрадоту мухаммасу соқиномаву марсияву рӯбоӣ шеър гуфта, дар ғанӣ сохтани мазмуни адабиёти мо саҳми босазое гузоштааст.
Девони Хотир аз 400 ғазал, рубоиёт, қитъаот, мухаммасот, соқинома, муфрадот иборат буда, ба мавзӯъҳои гуногуни зиндагии иҷтимоъӣ, фалсафӣ, диниву ирфонӣ бахшида шудаанд. Сабки ғазалҳои шоир таровати сурудаҳои Ҳофизро меоварад ва пири шеършиносу нуктасанҷ, дӯсти наздиктарини Сайдалӣ Вализода, Хол Ислом ҳамин нуктаро мушоҳида доштааст, ки Хотирро «Ҳофизи асри XIX» унвон карда буд. Гумон мекунам пас аз Ҳофиз ҳама ғазалсароён пайравие ба ӯ доштаанд ва Хотир дар бораи ҳамнаво буданаш бо он булбули ишқсарои ба абад пайваста, ишораҳо доштааст:
Мисраи булбули шерозӣ латофат зебост,
Ин кадомин, ки чи шоистаи инъом омад.
Хотир аз ташбеҳу истиороти Ҳофизи ширинсухан фаровон кор гирифта, таркибҳои машҳури ӯро, ба монанди «адабгоҳи муҳаббат», «ними ҷав», «лаби лаъли шакархоро», «канори обу, пойи бед», «дарахти дӯстӣ биншон», дар ғазалҳояш ба иқтибос овардааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки маҳрумӣ самар дорад,
Гули боғи муҳаббат зиннат аз хуни ҷигар дорад.
Ё: Бувад то зиндагонӣ нест аз онҳо ба ҷуз номе,
Лаби лаъли шакархоро агар бӯйи шамидан шуд.
Лаби обу канори дашт пойи беди маҷнунро,
Ба даст аз тахт в – аз тоҷи кӣ мебошад Фаридунро.
Дар ҷойи дигар мехонем:
Канори обу боғу сояи бед,
Ба мастон хуш, ки дарбоне надорад.
Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:
Канори обу пойи беду табъи шеъру ёре хуш,
Муошир дилбаре ширину соқӣ гулъузоре хуш.
Хотир чун Ҳофизи Шерозӣ, зоҳидону хурофотиёни ҷоҳилро, ки ба ҳар гуфтори донишмандону нуктасанҷон гуноҳҷӯйиву дингурезиро раво медиданд ва мардумро ба торикиву гумроҳӣ, мебурданд, мавриди сарзанишу накӯҳиш қарор додааст. Бад – он гуна ки аз сарнавишти гузаштагони адабиёти ҳазорсолаи форс – тоҷик пайдост, дар ҳама замонҳо донишмандону адибон гирифтори маломат ва гаҳе таъқиби зоҳидон мегаштанд ва ғолибан зоҳидону обидони муттаасиб бо фахрфурӯшии вижа, зуҳди риёкоронаи хешро, ба истилоҳи Хотир «ба фурӯш мегузоштанд»:
Шайху сӯфӣ ҳама тоъатгар аз баҳри риё,
Қозию муфтӣ тамаънок дареғ аст, дареғ.
Дар ғазали дигар овардааст:
Туро ришу фашу маъво, ки меҳроб аст, эй зоҳид,
Маро аз хум хаданг ояд аз он абрӯкамон хуштар.
Ҷолиб он аст, ки ҳангоми хондани бахше аз офаридаҳои ин шоири жарфандеш, ҳатто дар рӯзгорони мо ба атроф нигариста дархоҳӣ ёфт, ки зоҳидони тавсиф кардаи замони Хотир ҳанӯз ҳам ба роҳу равиши куҳан дар пайи гумроҳии мардум мебошанд:
Бо мазоқи талх ҳам бо дидаи тир хун гир,
Ман намегӯям чу зоҳид халқро гумроҳ кун.
Дар ғазалҳои дигар низ ин байтҳо баёнгари андешаи боло мебошанд:
Зоҳид аз тоъоти худ доме маҳкам кардааст,
Дар хатар афтода риндони сабукашро замир.
Зоҳид ба ҳавои зуҳду тақво мағрур,
Осӣ зи ҳаросу маъсият кехта шуд.
Ва дар ҳама давру замон зоҳидону обидони зоҳирпараст, дар талоши ба намоиш гузоштани тақводории хеш, бо ришу саллаву дастор дар пайи маломатзании мардум гашта, худро аз дигарон болотар нишон доданӣ мешуданд. Ҳамин аст, ки бо ишора ба паёми Худованд, дар мавриди фурӯтаниву гурез аз намоишкорӣ, шоир ба вақти шаб гузоштани тоъату ибодатро, авлотар аз фахрфурӯшиву худбузургбинии зоҳидони зоҳирбин донистааст:
Зуҳди шоиста ҳамон аст, ки холӣ зи риёст,
Беҳтар он аст, ки тоъот ба шаб бояд кард.
Бояд донист, ки Хотир ба сони Ҳофизу Хайём ва низ як силсила орифони гузашта, барои бунёди фазои дигарандешӣ ва паноҳандагӣ аз муттаасибони замон, риндиро пеша карда, дар пардаи «ишқи илоҳӣ» ва биниши фарозаминӣ, андешаҳои озоди як инсони одии нексиришт ва зебоипарастро пӯшондааст. Бад – он гуна ки дар ин ғазал шоир пешниҳод доштааст, ки барои ишқро касби хеш кардан, ҳатто то замони ду то шудани қомат, бояд талош дошт:
Маҷнун куҷо ба кулфати мо мубтало шавад,
Машки ҷунун гираду в-он мисли мо шавад.
Дар касби ишқ чанд тавонӣ ту саъй кун,
З-он бештар, ки қомати сарват ду то шавад.
Аз накҳати висоли ту омад муждае,
Бошад, ки дарди хастадилонро даво шавад.
Сармояи ҳаёт намудам назри дӯст,
Умри азиз ҳайф, ки сарфи ҳаво шавад.
Дар ин ғазал шоир рӯзгори пиронсолии хешро муждае донистааст, ки накҳати висол, яъне дунёи фониро падруд гуфтану пайвастан бо худовандро дорад.
Аммо бо ин ҳама наметавон гуфт, шоир аз аҳли тасаввуф буда, васфи риндиву майпарастӣ робита ба сӯфигарии ӯ дорад. Хотир дар сурудаҳояш ба таври фаровон маҳз барои нақди зоҳидону муттаасибони хӯрдагир, хароботӣ будану гӯшагирӣ ихтиёр карданро бар динпарастии риёӣ ва дилозорӣ тарҷеҳ дода, гуфтааст:
Ҷумла тоъатҳои зоҳид бо риё олудааст,
Ёди риндони қадаҳкаш дилнавоз ояд бурун.
Оташе дар хирмани ғам ҷуз дучори бода нест,
То тавонӣ рух зи майли маҳфили риндон матоб.
Чанд мегӯйӣ ту эй, зоҳид, ки расвоят кӣ кард,
Мансаби ман касби расвоист, эй олиҷаноб.
Хотири Хатлонӣ берун овардани «фикри бикр дар баёни муъҷаз»-ро дастури дурусти сухановариву сухангустарии равонро пайгирӣ карда, дар баробари ба таври густурда кор бурдан аз ташбеҳоту истиороти маъмул, дар бозтоби нобу тозаи намодҳо, вожаҳои зеборо ба шеваи дигар истифода бурдааст. Ҳама медонанд, ки дар шеър аз вожаи «гул» саросари шоирон кор гирифта, онро намоди зебоӣ, нозукӣ, атр, ҷавониву шугуфоӣ ва монанди он маъниҳои аҳуроӣ донистаанд, вале Хотир гулро гаҳе «бистари шабнам», барги онро «варақи хаёли рӯйи ёр», гаҳе пайдо шудани андешаи нобро «гули андеша» ва гулро чун ҳамсояи хор, «хору зор» дидааст. Ашки ба тозагӣ дар чашм пайдо шударо «тифли ашк», сарвро, ки шоирон маъмулан ба қомати баланди дилдода шабеҳ донистаанд, гирёну ашкбор ва беди Маҷнунро чун шоири аз хиҷолат сар зери по гузошта, ба тасвир овардааст. Чунончи:
Сарв сар то по ба ашк олудаву барҷо бимонд,
Беди маҷнун аз хиҷолат сарнагун болои ӯст.
Шоирони тасаввуф, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба таври фаровон аз вожаи «най» кор гирифта, онро ҳамчун сози мусиқии най барои берун овардани навои дардноки ҷудоӣ аз найистон, яъне аз Худо ва дар талоши дубора бо ӯ пайвастан, ташбеҳ додаанд. Ба ёд оварем:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад.
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан бигристаанд.
Аммо Хотири Хатлонӣ найи аз найистон буридаро чун паёмади ҷаҳл ва ғурури нобаҷо ба ташбеҳ овардааст, ки бо саркашиву ғурур боло рафтанҳояш ба хориву залилӣ ва зери по бурё шудан анҷомидааст:
Ба тарзи беди маҷнун, то тавонӣ майли пастӣ кун,
Ки най аз саркашӣ кам-кам ба таҳти по фитод охир.
Ин байт бори дигар солики тариқати тасаввуф набудани Хотирро баёнгар буда, гуфтаҳои болоро таъйид мекунад.
Тавре дар боло зикр намудем, замони зиндагии шоир ниҳоят сангину камаршикан будааст ва мардум дар ҳоли фақру бенавоӣ зиндагӣ мекардааст. Рӯзгори сангин имкон намедодаст, ки гоҳе даст ба домони хушиву хурсандӣ бизананд. Аз ин ҷост, ки ӯ дар шеъре ҳоли зори хешу мардумро бо синаи бирёну қалби пурдард зикр намуда, мегӯяд, ки дар ин сарои ҳастии ғамангез хурсандӣ кардан ҳеҷ зарурате надорад.
Мадад фармо сиришк он ҷо, ки ман бисёртар гирям,
Ба ҳоли носазовори худ акнун зортар гирям.
Агар лахти ҷигар аз роҳи мижгонам фурӯ ғалтад,
Кабоби хунчаконам дидаи бедортар гирям.
Дар ин манзил чӣ лозим сохтан бо касби хурсандӣ,
Ҳамон беҳтар, ки Хотир буду пурозортар гирям.
Яке аз вижагиҳои ашъори Хотир дар он аст, ки шоир дар баробари ёдкарди қиссаҳои паямбарон, ба таври густурда аз намодҳои фароторихиву пешазисломӣ, аз ҷумла Каюмарс, Сиёмак, Ҷамшед, Фаридун, Доро, Рустам, Исфандиёр, Нӯшинравон, Ҳурмузд, Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав, дигар қаҳрамонони «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ (дуруд бар равони покаш) кор гирифтааст. Ба монанди: «Дастгоҳи шоҳ Фаридун бар хароҷоти ту кам», ё «Дар шуҷоат Рустамосоӣ гаҳе разми аду». Ва ё:
Сӯхтӣ аз рашки Дорову Каюмарс ҳамчу най,
Гар бидида шавкати шоҳӣ ба шаҳри иқтидор.
Дар ғазалиёти шоир ҳамчунон ишора ба андешаҳои ойини зартуштӣ, аз ҷумла ба сухани сегонаи асолати хирадгароӣ, «пиндори нек, кирдори нек, гуфтори нек», ишора дорад:
Бигзашт зад теғам ба китф, гуфт имтиҳони теғ буд,
Рафтори хуш, кирдори хуш, з – он дилрабо гуфтор низ.
Ҳамон гуна ки Бедил фармудааст, «Равшандилон ҳамеша ба сахтӣ ба сар баранд», Хотирии Хатлонӣ низ зиндагии осудаву ором надоштааст. Ба вижа дар он рӯзгоре, ки гирди хони Хатлонро риёкорони дин, чоплусону фиребгарону тамаъҷӯён иҳота карда буданд ва бесабаб нест, ки аз ҷабри мазҳабгароиву таъқиби доноён, Хотирии Хатлонӣ (чун бисёре аз фарзонагони ҳавзаи порсисароӣ Толиби Омӯлӣ, Калими Кошонӣ, Дарвеши Деҳакӣ, Боқии Кӯлобӣ, Мулло Шоҳи Бадахшӣ, Ҳашмати Бадахшонӣ, Оҳии Ҳиравӣ, Аминии Ҳиравӣ, Улфати Хуросонӣ, Таслими Хуросонӣ, Ашрафи Хуросонӣ, Акбари Хуросонӣ ва даҳҳо донишмандону шоирон) тарки ватан намуда, сафари Ҳинд ихтиёр карда буд. Дар ин маврид офаридаҳои ӯ баёнгари ҳоли ношоистаи як донишманди фарзона аст:
Амон аз ҳодисоти даҳр хоҳӣ, нармхоҳӣ кун,
Ки доноро ба ҳар мӯе забон ин ҷо қасам бошад.
Тамаъро аз гурӯҳӣ сагмиҷозон даст кӯтоҳ кун,
Ки ин дунон агар майли бақо карданд, карам бошад.
Мапурс аз бетамизиҳои ин гардуни дунпарвар,
Ба коми аблаҳон гардад, ба доноён ситам бинад.
Ин аҷузакампири лаби пур аз ожанги тамасхури даҳрро бубинед, ки чи ноҷавонмардие ба шоири ноком раво дидааст; шоир беш аз 400 бор дар мақтаъи осори хеш тахаллуси Хотирро барои шинохт ва ёдовариҳои ҳамзабонони шеърдӯст таъкид кардааст, вале эй кош ин мардум сипосшинос буданд.
Бо офариниши ташбеҳоти зебои «чашми хуршеди муҳаббат», «мӯйи шаб», «кафи афсӯс», «ашки гул», «бурёи фақр», «мазори умр», «шона задани дили садчок», «чашми дом», «духтари пажмурдаи умед» ва таркиботе ба сони «сабаби рӯстани лола аз хок дар ниҳон будани дили хунине бо он хок», «дар дили санг ниҳон будани шарари оташ», «сипоҳи рӯзро сарвараш хуршед ва солори шаб нуқраи моҳ» ва монанди он даҳҳо бикрандешиву тозабаёниҳо, Хотир арзиши ҷой доштан дар радаи суханофарони баландҷойгоҳи адабиёти ҳазорсолаамонро дорад.
Гуфтаанд, ки иншову имлои ҳар як кас баёнгари бинишу донишаш бошад ва аз девони шоир пайдост, ки умрро сарфи омӯзиш ва хирадофаринӣ карда, пас аз донишхоҳӣ дар Бухоро ва Банголаи кишвари Ҳинд, бо як ҷаҳон андешаи ноб, ба зодгоҳаш рустои Хосиёни Ховалинг баргаштааст. Хотир ба монанди бархе шоирони фазлфурӯш шеърҳояшро бо калимаҳои мушкилифодаи арабӣ пур накардааст. Инҷониб дар пайи омӯзиши офаридаҳои ин шоири донову тавоно, гаҳе ангушти ҳайрат ба баргҳои девон ниҳода, натиҷагирӣ кардаем, ки танҳо меҳри бепоён ба забони аҳуроии порсии тоҷикӣ ӯро водоштааст, то аз истифодаи беҷои калимаҳои арабӣ худдорӣ карда, чун Ҳаким Фирдавсӣ дар сарводаҳояш бештар вожаҳои форсиро ба кор барад. Бисёре аз вожаҳои дар ғазалиёти Хотир омадаро, дар осори ҳамзамонони Варорӯдӣ ва шоирони пас аз ӯ ба арсаи адабиёт гом ниҳода, наметавон мушоҳида кард: газанд, димор, вожгун, воруна, вомондагӣ, ворастагӣ, даду дом, сурӯш, конун, кеш, ахм, кеҳтар, гулгун (ба маънии сафеда — пудра), ҷавор, даррехтан, дарнарасидан, шеваи ворастагӣ ва монанди он даҳҳо вожаҳои зебои дигаре, ки дар рӯзгорони шӯравӣ онҳоро «калимаҳои архаистӣ» унвон карда,забонро ошуфта сохтанд.
Истифодаи фаровони вожаҳои вобаста ба бозии шатранҷ, аз ҷумла номи муҳраҳои шатранҷ, гувоҳ бар он аст, ки шоир донандаи хуби ин бозии андешаварон буда, онро дар миёни ҳамдеҳагон ривоҷ додааст:
Хоҳам дар ин бисот азизи абад шавӣ,
Фарзинвор боядат қурбат ба шоҳ дошт.
Дар ҷои дигар шикоят ба фалаки каҷрафтор дорад ва суол мекунад, ки то чанд зери бори маҳзунӣ бояд зист. Аслан ин ҳама гиллаҳо шикоят аз рӯзгор аст, ки худро ҷигархаставу дилхун мебинад.
Ман, ки навмед аз он орази гулгун бошам,
Чӣ хаёлест даме бе диди маҳзун бошам.
Дурам аз улфати он лолаваши тозаузор,
Эй фалак чанд ҷигархастаю дилхун бошам.
Ё:
Дар диёри мо агар адли амирон аст баланд,
Ранҷиши Хотир чаро ин ҷо фаровон омада.
Шоир гуруҳи одамонеро, ки барои ҷамъоварии савлату дороӣ мубориза мебурданд ва аз ҳисоби бадбахтии мардум сарватманд мегардиданд, зери интиқод гирифта, онҳоро бо насиҳате оқилона ёдовар мешавад, ки ин ҳама такудавҳо, сарватғундориҳову захира карданҳо саранҷом фоидае надорад, зеро аз мо пешгузаштагон чун Дорову Искандару Сулаймону Нуҳу Ҷам низ захира карданд, вале бо худ чизе набурданд.
Куҷо шуд мулки Дорову шукуҳу ҷоҳи Искандар,
Адам шуд шавкати хоки Сулаймон бурд бод охир.
Агар чун Нуҳу Ҷам яксар ҷаҳонро посбон бошӣ,
Зи пушти бодпои умр мебояд фитод охир.
Ҷаҳонро чун Фаридун чун ба коми хештан бастӣ,
Ки дар кунҷи лаҳад хоҳанд монӣ номурод охир…
Хотир дар офаридани ғазал аз устод будани худ дарак дода, маҳбубро моҳи дилафрӯзу рафторашро ҷилваи барқ гуфтааст…
Аҷаб моҳи дилафрӯзе сабо парварда рухсораш,
Фарангимашрабе чун ҷилваи барқ аст рафтораш.
Баҳористони ҳуснашро чунон дар нозукӣ гулҳо,
Ки метарсам диҳад токи насими субҳ озораш…
Гоҳҳо мебинӣ, ки Хотир рӯ ба суҷуд оварда, ин ҳама дарду ҷонгудозиро лутфе аз боло медонад ва ҳамаро дилнавозӣ мехонад, таъкид мекунад, ки инсон вақте умеде дар дил дорад, бояд аз Худои худ иҷобаташро талаб намояд, ҳамин дари боргоҳи Ҳақ аст, ки ҳамеша бениёз аст…
Маи ҷоми дардмандон ҳама ҷонгудоз бошад,
Ғаму дарду арҷмандӣ ҳама дилнавоз бошад.
Ба дилат умед дорӣ бирав аз Худо талаб кун,
Дари боргоҳи Ҳақ бин, ки чи бениёз бошад.
Дигар аз эҷодиёти шоир жанри марсия аст, ки ин навъи шеъриро хеле моҳирона, устодона ва ҷонгудозона офарида, аз даст додани инсон, наздиконро бо сӯзу гудоз сурудааст, ки хонанда бешак дар ин ҷо таваққуф мекунад ва ранҷу дардҳояшро пеши назар меораду баробари шоир ба навҳа меояд. Марсияе, ки дар сӯги писараш сурудааст ва марги ӯро барои худ мусибати абад гуфтааст, хонандаро мутаассиру ғамбор месозад ва ин худ бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Хотир дар сурудани марсия шоире будааст бузург.
Эй хазондида, гули тозаи гулзори падар,
Меваи пешраси нахли сабабгори падар…
Ҳамчу най нола занад сар зи ҳама пайвандам,
Ёд ояд зи туам, эй гули бехори падар.
Бе ту дар кулбаи фақрам ҳама тан сӯзу гудоз,
Хабарат нест аз ин ғуссаи саршори падар.
Бас баҳор омаду гулҳо ҳама бшкуфта ба боғ,
Ту чи нашкуфтӣ, эй зиннати дастори падар…
Бе рухат шаҳд ба коми дили ман тарёк аст,
Чанд медорӣ аз ин пеш ту озори падар.
Падарат хуни ҷигар рехт зи мижгон бе ту,
Ту маро пурсӣ чаро дидаи хунбори падар.
Масҳафи рӯи ту ҳар гоҳ, ки ба Хотир бирасад,
Оташе шӯъла занад аз дили афгори падар.
Аз ашъори шоир бармеояд, ки ӯ зодгоҳаш Ховалингро хеле дӯст медоштааст ва аз ҳавои фораму мавзеъҳои зебояш, ки биҳишти рӯи заминро мемонад, меваҳои шаҳдбору чашмаҳои муссафову обҳои ширини ангубиносову хуршедвашаш, ки бо чашмаи Кавсар ҳамсарӣ дорад ва аз сабзаву раёҳину гулу буттаҳояш ба ваҷд омада, таъкид месозад, ки агар гузори шахсе ба инҷо уфтад, тамоми умр онро фаромӯш нахоҳад кард. Дар бисёр маврид ин макони зеборо тавсиф намуда, зеботару хушобуҳавотар маконеро мисли инҷо намебинад.
Хуш аст ин мулки Хатлону дигар боду ҳавои ӯ,
Бувад фахраш бар афзун ҳар кӣ Хатлон аст ҷои ӯ.
Хусусан мавзеи хосаш, ки номи ӯст Ховалинг,
Ки натвонад шуморад кас ба теъдод меваҳои ӯ.
Бибошад бас хушу дилкаш ҳаво дар фасли тобистон,
Ба Кавсар ҳамсарӣ доранд оби чашмаҳои ӯ.
Хусусан чашмаи поке, ки номи ӯ Қазған шуд,
Зи рашкаш оби рӯшан тирагӣ гаштаст ҷои ӯ.
Бувад обаш тунук, ширину равшан мисли хуршед аст,
Ки бошад обе чун ангубиносо фидои ӯ.
Магар дасти қадар бахшидааш нуру сафои хеш,
Ки ҳар ҷо мерасад чун шамъ бар ту аз зиёи ӯ.
Дарахтон сабз ҳамчун сабзаҳо дар ҳар лаби ҷӯе,
Ба боли рашки тубиву санавбар роҳҳои ӯ.
Дар он гулшан агар уфтад гузори шахси офоқе,
Намеорад ба Хотир то бувад зинда ҷилои ӯ.
Хотир сиёсати хукумфармоӣ ва фармонравоии мири Хатлон Мизробро дар ашъори худ бисёр самимӣ тасвир намуда, ӯро яке аз беҳтарин ва одилтарин фармонраво медонад, ки сипоҳу мамлакаташ бартар аз Хоқону Қайсар будааст. Дар баробари ин Мизроб шахсе будааст ватандӯст, ки ҳамеша дар паи ғамхорӣ ва беҳбудии мардум, барқарории адолати иҷтимоӣ мубориза мебурдааст ва дасти мадад ба тиҳидастону камбизоатон дароз мекардааст. Дар ҳифзи сарҳаду хоки муқаддаси ватан муборизу ватандӯсте будаст беамсол.
Сазовори низоми мулку шафқат Мири Мизробро,
Сипоҳу мамлакат орост аз Хоқону Қайсар беҳ.
Таҳлил ва баррасии эҷодиёти Хотир мавзӯи алоҳидаест, ки бояд муҳаққиқону донишмандон онро таҳлилу арзёбӣ намоянд, вале як нукта мусаллам аст, ки шоир идомадиҳандаи шеъри клоссик буда, кӯшидааст аз худ чизе ба ёдгор бимонад ва вазъи иҷтимоии замонаашро ба қадри имкон дар ашъори худ ҷой бидиҳад. Ӯ мегӯяд:
Хотир ба ёдгор навишт чанд нуктае,
Шояд бад-ин баҳона ёде зи ӯ кунанд.
ё,
Чанд мазмуне, ки дар ин сафҳа чун Хотир навишт,
Баъд аз он ин гуфтугуҳо достон хоҳад шудан.
Дар поён як ғазали ниҳоят зебову шевои ин шоири нозукхаёлро пеши дидори гиромии хонандагон меоварам.
Ба сарам боз қадам монд ҳамон маҳрами роз,
Самари тоза умедат шуд аз он нахли фароз.
Ба сари хоки мани хаста гузар хоҳад кард,
Он паричеҳра, ки дил аз бари ман бурд ниёз.
Ёди ӯ пурсиши аҳволи дили ман дорад,
Эй рақибо, чи кунӣ туҳмати ишқам ба миҷоз.
Гавҳари дил, ки ба ёди ғами ту шабнам шуд,
Ҳоҷате нест, ки ин хаста кунад машқи гудоз.
Нест мумкин, ки қадам ранҷа кунад бар сари ман,
Ман ба уммед нишастам ба раҳаш умри дароз.
Аз сари шавқ нашуд садри раҳам ҷомеро,
Меҳнате чанд расад аз равиши шебу фароз.
Зоҳид аз гӯшаи меҳроб табарро бинамуд,
Дар хами абрӯи он моҳлиқо кард намоз.
Ашки гул чун рухи зарде диққатам ҷалб намуд,
Вақти он аст, ки аз сина бурун афтад роз.
Хотири ёр бувад аз раги гул нозуктар,
Аҷиб он аст, ки боре кашад аз хирмани роз.
Тавре дар боло зикр намудем, девони ашъори Хотири Ховалингиро, ки иборат аз 400 ғазал аст, омода намудаем ва бо фаро расидани имконият онро мунташир хоҳем кард.
Аз саҳифаи фейсбукии Ибодулло Оқилов
Манбаи дастрасӣ: https://www.facebook.com/share/p/1USFf22tfu/

Related Articles

Leave a Comment