Home ДАСТОВАРҲО ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ МУБОРАК, УСТОДОНИ ГИРОМӢ!

ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ МУБОРАК, УСТОДОНИ ГИРОМӢ!

by admin
40 views
Бо фармоишҳои Комиссисяи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 дараҷаи илмии устодони донишгоҳ тасдиқ шуд.
Аз ҷумла, тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05.2025, таҳти №187 рисолаи доктории устоди донишгоҳ, Бозоров Хушвахт – дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 — Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.04 — Назария ва методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ)) тасдиқ гардида, мутобиқи фармоиши мазкур ба ӯ дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмии доктори илм дода мешавад.
Инчунин мутобиқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05.2025, таҳти №186 рисолаи диссертатсионии Султонзода Исмоил Сафаралӣ – мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они донишгоҳ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот тасдиқ гардида, мутобиқи фармоиши мазкур ба ӯ дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмии номзади илм дода мешавад.
Раёсат ва ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устодонро ҷиҳати мушарраф гардидан ба дастовардҳои илмӣ самимона табрику шодбош гуфта, дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба онҳо барору комёбҳои беназир таманно менамоянд.
*расмҳо аз рӯи тартиби номҳо дар матн ҷойгир шудаанд

Related Articles

Leave a Comment