Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
30 views
Санаи 30 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯйи кафедраи умумидонишгоҳии психология Ҷумаев Муҳиддин Раҳмоналиевич дар мавзуи “Ҷанбаҳои педагогӣ-иҷтимоии ташаккули шахсияти кӯдакони бепарастор ва беназорат”, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, дотсент Бозоров Хушвахт баргузор гардид.
Дар муҳокима Изатова Муҳаббат-доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Бозоров Хушвахт, дотсент, роҳбари илмии унвонҷӯ, Қурбонова Умеда-дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, Исоева Дилором-дотсент, мудири кафедраи психология, Назаров Ҳотам-дотсент, мудири кафедраи педагогика, ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Холматов Мубина, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Лоиқов Парвиз, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Қурбонов Маҳмадӣ, номзади илмҳои педагогӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Ҷумаев Муҳиддин Раҳмоналиевич бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраҳои баъдӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment