Home ДАСТОВАРҲО МУЖДАИ ФАРҲАНГӢ

МУЖДАИ ФАРҲАНГӢ

by admin
49 views
Нашри ашъори шоирони тоҷик дар Теҳрон
Дар Ҷумҳурии исломии Эрон, дар доираи Намоишгоҳи китоби «Теҳрон» китобҳои ашъори шоирони тоҷик Раҳмат Назрӣ-«Соати дил», Камол Насрулло-«Рав, ишқро садо кун», Файзи Ашӯр-«Хайрбод» ва Толиби Луқмон-«Бо ман қадам бизан» ба хатти ниёгон ба чоп расиданд.
Маҷмуаҳои мазкур гулчини ашъори ин шоиронро дар бар гирифта, дар силсилаи «Шеъри имрӯзи Тоҷикистон», аз ҷониби «Муассисаи фарҳангии ҳунарии шоирони порсизабон» зери таҳрири шоир ва мунтақиди маъруф Муҳаммадкозими Козимӣ интишор ёфтаанд.
Манбаъ:-рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” аз 21.05.2025, №20

Related Articles

Leave a Comment