Home ДАСТОВАРҲО “ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…”-ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

“ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…”-ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

by admin
49 views
Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…» бори нахуст миёни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар баргузор гардид.
Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷгузорӣ ба осори ниёгон, тавсеаи ҷаҳони маънавӣ, тақвияти зеҳн ва суханварӣ, инчунин дарёфти чеҳраҳои болаёқати шеършинос ва сухандон роҳандозӣ гардида, аз ду марҳила иборат буд.
Дар марҳилаи дуюми озмун, ки 23–24 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ва ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид, 36 нафар беҳтарин донишҷӯдухтарон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Хушбахтона, намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин озмун ҳунару маҳорат ва маҳорати баланди хешро муаррифӣ намуда, бо дастовардҳои назаррас баромад карданд.
Фатозода Саидадунё – донишҷӯйи курси 2-уми факултети филологияи руси донишгоҳ, дар байни довталабон маҳорату дониши худро нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид. Ин пирӯзии шоён мояи ифтихори тамоми устодону донишҷӯёни донишгоҳ арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, Садирова Муҳайё ва Шарипова Давлатмо – донишҷӯёни курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, барои иштироки фаъолона ва суханварии шоиста, бо Сипосномаи Кумита қадрдонӣ гардиданд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмун барои муаррифии шоистаи донишгоҳ самимона табрик гуфта, барояшон бурдбориҳои нав ба нав дар ҷодаи илму маърифат орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment