Шоми 23 май, дар шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати кормандон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуданд.
Донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар ин намоишгоҳи эҷодӣ ихтироъҳо, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва корҳои фарҳангиву варзишии худро манзури иштирокчиён гардониданд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб бо суханони табрикотӣ баромад карда, саҳми созандаи ҷавононро дар рушди ҷомеа ва пешбурди соҳаҳои муҳими кишвар таъкид намуд. Дар идома Фатҳуллозода Абдухолиқ, дотсент, декани факултети молиявию иқтисодии донишгоҳ баромад намуда, дар мавриди имкониятҳо ва нақши калидии ҷавонон дар рушди кишвар андешаҳои худро баён дошт. Ӯ махсусан дастгирии роҳбарияти кишварро нисбат ба ҷавонон ва донишҷӯён зикр кард.
Ҳамзамон дар идома бо сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб як қатор донишҷӯёни фаъол ва устодони донишгоҳ барои саҳми арзандаашон дар самти таҳсил, фаъолияти илмӣ, варзиш ва ҳаёти ҷамъиятӣ қадршиносӣ гардиданд.
Қисмати хотимавии чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангии гурӯҳҳои ҷавонӣ ва ансамблҳои ҳунарии шаҳрӣ анҷом ёфт. Суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои ҷаззоб фазои идона ва рӯҳбаландиро дар миёни ҳозирин фароҳам сохтанд.
Умарҷон Тошматов,
“Анвори дониш”