Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ ГОЛ БАРОИ СУЛҲ: ДАСТАИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ ҶОЙИ СЕЮМ ШУД!

ГОЛ БАРОИ СУЛҲ: ДАСТАИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ ҶОЙИ СЕЮМ ШУД!

by admin
51 views
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат ва рушди футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва дигар ниҳодҳои шаҳри Кӯлоб доир шуд.
Мусобиқа бо ташаббуси Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ гардида, аз 8 то 25 майи соли 2025 идома ёфт. Дар он даҳ даста аз муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни шаҳр иштирок намуданд.
Шодиовар аст, ки дастаи кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо нишон додани маҳорати хуби варзишӣ ва иродаи мустаҳкам миёни дастаҳо ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Ин натиҷа шаҳодати рушди варзиш, аз ҷумла футбол, дар байни кормандону омӯзгорони донишгоҳ мебошад.
Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо ҷому медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Раёсати донишгоҳ ин дастовардро ба аъзои даста, масъулони варзиш ва дӯстдорони ин бозии ҷаҳонӣ табрик гуфта, барои онҳо комёбиҳои боз ҳам бештарро таманно дорад.

Related Articles

Leave a Comment