Бо чунин ном имрӯз (16.05.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии муассиса Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба истиқболи 80-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илму маърифат ва 10-солагии таъсиси факултет баргузор гардид.
Ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён пеш аз оғози конференсия дар даромадгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва варзишии устодону омӯзгорон дидан намуданд.
Дар конференсия олимону муҳаққиқон аз донишгоҳу донишкадаҳо, мутахассисони соҳа ва устодону донишҷӯён, Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад- дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Бобоҷонов Муҳаммад Шоҳмаҳмадович, дотсент, муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Шаҳбози Искандар — директори Муассисаи давлатии Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Давлатзода Сарвиноз Абдумалик — номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи фанҳои технологияи меҳнати тарбияи ҷисмонӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва бознигариву такмили стандарт, барномаҳои таълимию китобҳои дарсии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Зайдуллоев Ҳикматулло Раҳматуллоевич — дотсенти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Холиқов Сафар Сайфуддинович, номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими они донишгоҳ ва ҳайти устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ташрифи меҳмонони гиромӣ, олимону донишмандон ва муҳаққиқону мутахассисони соҳаро ба ин боргоҳи илму маърифат-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури онро боиси шодии афзун ва ифтихормандии ҷомеаи меҳнатдӯсту заҳматқарини муассиса арзёбӣ намуд.
Зимнан таъкид дошт, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки он пур аз таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангист, ба назар мерасад, ки нақши ҷавонон ҳамчун неруи асосии созанда ва пешбарандаи давлату ҷомеа ба сифати ниҳоди умедбахшу идомадиҳандагони кору пайкори бузургон рӯз то рӯз мавқеи мустаҳкамтару мондагортарро ба худ касб менамояд. Дар ин раванд, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш на танҳо як фанни омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, балки ба сифати воситаи пурқудрати иҷтимоиву маънавие дар ташаккул ва инкишофи шахсияти солиму ватандӯст нақши муассиру калидиро дорад. Яъне, дар марҳилаи кунунӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳарвақта ба масъалаи тарзи ҳаёти солим ва саодати маънавии инсон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, пайгирӣ ва тадбирҳо ҷиҳати рушди ин самт мавриди таваҷҷуҳи дилхоҳ давлату ҳукумат гардидааст. Дар ин роҳ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш на танҳо василаи рушди ҷисм ва рӯҳи инсон, балки омили муҳими баҳамоии мардумон, таҳкими дӯстӣ ва густариши сулҳ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихор ва шоистаи таҳсину офаринҳост, ки дар кишвари азизи мо-Тоҷикистони ҳуқуқбунёд, сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи ин қишри умедбахш дар ҳаёти ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, дар меҳвари он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату ватандӯст ҷой дорад. Дар воқеъ, ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеаву давлат ва қишри ояндасозу пешбарандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд. Онҳо номбардорони ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш буда, давлату Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ин қишри созандаву ободгари ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешад.
Дар идома тибқи барномаи конфронс: Бобоҷонов Муҳаммад- дотсент дар мавзуи “Шароити педагогии ташаккули тамоюли рушди сифатҳои ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим дар раванди тарбияи ҷисмонии донишҷӯён”, Шаҳбози Искандар-директори Муассисаи давлатии Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш доир ба “Такмили сиёсати ҳамгироии ҷавонон ва варзиш дар Тоҷикистон бо омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта”, Давлатзода Сарвиноз Абдумалик- номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Чанбаҳои назариявии моҳияти тарбияи ҷисмонӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ”, Зайдуллоев Ҳикматулло Раҳматуллоевич- дотсент дар мавзуи “Омилҳои муҳимми омода намудани варзишгарон” ва дотсент-Холиқов Сафар Сайфуддинович доир ба мавзуи “Дар ҷавонӣ сайъ кун, гар бехалал хоҳӣ амал” маърӯзаҳои ҷолиби диққат ва илман асоснок ироа намуда, таъкид доштанд, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи иҷтимоии ваҳдату эҳёгарӣ гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ ва этникиро бо ҳам мутаҳид менамояд, ки дар сиёсати дохилию хориҷии кишвар хело муҳим ва муассир аст.
Баромадкунандагон зимни ироаи маърӯзаҳо дар баробари таҳлилу арзёбии масоили мавриди назар, таъкид доштанд, ки иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати ташкилу баргузор намудани конференсияи сатҳи баланд дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шоистаи таҳсину офарин буда, ин ташаббус аз зумраи иқдомҳои созандаву бунёдӣ дар ин ҷиҳат ба ҳисоб меравад.
Изҳори умед карда шуд, ки ташкили чунин ҳамоишҳои илмии сатҳи баланд аз ҷониби дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ гардида, нуктаи назари олимону донишмандон ва муҳаққиқону мутахассисони соҳа ба рушди соҳа ва таҳаввулоти он дар замони муосир ва омоданамоии кадрҳои оянда мададрасон хоҳад буд.
Кори конференсия қисмати 2-юми рӯз дар 2 бахш бо таҳлилу баррасии беш аз 40 мақолаи олимону муҳаққиқон идома ёфт.