15-уми майи соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дипломатия”-и назди кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.
Кори маҳфил бо шиносонидани мавзуи баррасишаванда ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Саидов Даврон оғоз ёфт.
Дар маҳфил маърӯзаи донишҷӯи курси 3-юми факултет Табарова Оиша дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми созмонҳои байналмилалӣ” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти баргузории маҳфил аъзоён фаъолона иштирок намуда, доир ба маърӯзаи баррасишуда ибрози андеша намуданд.