Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ КӮДАКОН-ДУНЁИ РАНГИНИ ОИЛА

КӮДАКОН-ДУНЁИ РАНГИНИ ОИЛА

by admin
7 views
“Оила чизи аз ҳама муҳим дар ҷаҳон аст. Агар мо соҳиби оилаи хеш нестем, пас бояд биандешем, ки чизе надорем ва дар ҳақиқат ҳам надорем. Оила мустаҳкамтарин пайванди тамоми ҳаёти мост.»
Ҷон Кристофер Депп, актёри машҳури синамои ҷаҳонӣ
Оила-ин ҳақиқат ва зебоии зиндагӣ, нури офтоб, хандаи зебову беғаши кӯдакон, хушбахтии падар ва меҳри бепоёну қиёснашавандаи модар аст.
Оила мисли шохаҳои дарахт аст, мо бузург мешавем, қад мекашем, шохаҳоямон ба ҳар тараф паҳн мешавад, аммо решаи мо ҳамон асту ҳамон. Агар мехоҳем чун решаҳои дарахт пурқувват бошем, шоху баргҳоямон хушк нашавад, бояд аз оилаи хеш муҳофизат кунем ва онро муқаддас нигоҳ дорем.
Дар маданият ва фарҳанги халқи тоҷик низ оила муқаддас аст. Ва дар ин ҷойгоҳи муқаддас беҳтарин арзишҳои инсонӣ чун меҳру муҳаббат, самимият, садоқат, вафодорӣ, сабурӣ, некӯӣ, накӯкорӣ ва нексириштӣ ташаккул меёбад.
Кӯдакон дунёи рангини оилаанд. Бе хандаҳои самимӣ, доду фарёд, даву ғеҷ, муҳаббат ва нигоҳҳои пур меҳри онҳо оила ҳеҷ маъние надорад. Танҳо оилаи солим метавонад руҳия ва дунёи кӯдаконро бисозад ва дигаргун намояд.
Маҳз дар оила фаъолиятҳои маърифатии кӯдакон чун эҳсос, идрок, диққат, хотира, тафаккур, нутқ, хаёл рушд меёбад. Падару модар чун меҳвари асосии оила бояд ба фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои чун дарахти бенуқс ба воя расидани онҳо заҳмат кашанд.
Бояд бигӯем, ки бозӣ дар ҳаёти кӯдакон нақши муҳимро мебозад ва онҳоро ҳаматарафа инкишоф медиҳад. Дар рафти бозӣ кӯдак ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ-равонӣ дигаргун мешавад ва ташаккул меёбад. Кӯдакон дар рафти бозӣ ба ҳаёти калонсолон тақлид мекунанд, ба онҳо пайравӣ менамоянд, малакаҳои меҳнатии хешро инкишоф медиҳанд.
Тоҷикон низ чун дигар халқиятҳои ҷаҳон барои бачаҳо бозиҳои миллии хешро доранд. Онҳо гуногунанд-серҳаракат, кашфкунанда, хаёлотӣ, таълимӣ, хушҳолкунанда, эҷодкорона, рамзӣ, тақлидӣ, ақлонию ҷисмонӣ ва боз дигар.
«Хоначабозӣ», «Тӯйбозӣ», «Гаҳворабандон», «Ордбезон», «Сартарошон», “Ҷастак-ҷастак”, “Панҷакбозӣ”, “Рустшавакон”, “Зина-зина”, “Мак-мак”, “Тути кал” бозиҳое ҳастанд, ки онҳоро бачагони даврони Шӯравӣ хуб дар ёд доранд, аммо мутаассифона, ин бозиҳо, ки ба рушди кӯдакон ниҳоят лозиманд, аз байн рафта истодаанд ва ҷойи онҳоро бозиҳои телефонӣ ва компютерӣ гирифта истодааст.
Кӯдакон соатҳои дарозро дар назди оинаи нилгун ба тамошои филмҳои тасвирӣ ва бозиҳои телефонӣ паси сар мекунанд. Инҳо барои пурқувват шудани хотира, диққат ва фикрронӣ нақши хуб доранд, вале мутаассифона, ҷиҳатҳои манфӣ дар онҳо бештар дида мешавад.
Биёед, барои мисол худи калонсолонро меорем. Мо рӯзи дароз дар назди компютер нишаста, бегоҳ мисли оне ки дар чашмонамон хок пошида бошанд, хаставу афгор ба хона бармегардем. Пас чӣ расад ба чашмони нозуки кӯдакон. Ҳамин тавр, оҳиста- оҳиста дар кӯдакон вобастагӣ ба телефон, хастагии музмин, сардард, бадқаҳрӣ, асабоният, ғашкунӣ, агрессия, сурхшавии чашмон, хушк шудани оби чашм, кам шудани мижабаҳамзанӣ ва оқибат наздикбинӣ (миопия) дида мешавад.
Кӯдакон соатҳо дар шакли нодуруст дар назди компютер, телевизион ва телефон менишинанд. Сутунмуҳраи онҳо ҳоло хуб инкишоф наёфтааст ва ин метавонад боиси каҷшавии сутунмуҳра ва инкишофи сколиоз шавад, илтиҳоби рагу пайвандҳои дастон, китфон ба вуҷуд ояд ва ҳамчунон мисли “хоб” бурдани даст ва ангуштон. Ин ҳама мушкилот барои кӯдакон беоқибат нест.
Пас, волидонро зарур аст, ки сари ин масъала андеша кунанд, барои як соати оромӣ ва фароғати хеш фардои кӯдаконро барҳам назананд, зеро маҳз онҳо дар навбати аввал барои фардои дурахшони кӯдакон масъуланд.
Ноҳира Ҳақназарзода, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment