Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ ҲАМҚАДАМИ ҶАШНҲОСТ

ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ ҲАМҚАДАМИ ҶАШНҲОСТ

by admin
10 views
Расонаҳои расмии хабарии ҳар як мамлакат вазифадоранд, ки шаҳрвандони худ, ба ҷомеаи ҷаҳони дар мавриди руйдодҳои рӯзмарраи сиёсиву иҷтимоии кишвар иттилооти дуруст бидиҳанд. Ба ҳар хабари муғризона, ки аз ҷониби гуррӯҳои носолим ва иғвобарангез омода мегарданд, вокуниши шоиста ва поядор пахш намоянд. Нагузоранд, ки нерӯҳои ифротгаро зери шиорҳои динӣ, демократисозӣ, миллатгароиву бузургихоҳӣ фармони ҳукуматрониро ба даст гирифта, аз пайи ситезидани дигарандешон гарданд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти васоити ахбори омма, ба вижа, телевизионро фишанги асосии тарғиби сиёсати давлату ҳукумати кишвар дониста, дар яке аз мулоқотҳояшон бо роҳбарони расонаҳои хабарӣ изҳор доштанд, ки «Шумо, роҳбарони васоити ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон бошед. Зеро васоити ахбори оммаи ватанӣ барои анҷом додани ин кор имкониятҳои кофии зеҳни ва техники доранд»
Он неруҳо талош варзиданд, ки аксари аҳолии кишвар, бахусус, бошандагони Вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) ва Кӯлобро аз руйдодҳои Тоҷикистону ҷаҳон ноогоҳ сохта, пиндориҳои иртиҷоии хешро интишор намоянд. Воқеан мо, ки дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекардем, ҳар гунна овозаҳоро аз забони дигарон шунида, наметавонистем аз вазъи кишвари худ бохабар бошем ва ҳатто аз ҳоли наздикони дар Душанбе будаамон бехабар будем. Гурӯҳҳои ифротгаро ҳама расонаҳои хабариро зери назорати хеш ҷой дода, таблиғоти таассубгарои ва ҷудоиандозӣ мебурданд. Гарчи ҷонибдоронашон бо шумули фиребхурдагони демократимаоб ва омиёни содаандеш бештар аз 10 дар сади аҳолиро ташкил намедоданд, пайваста аз наворҳои телевизионӣ ва минбарҳои дар ихтиёр дошта дуруғсарои мекарданд, ки гӯйё аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҷонибдоронашон мебошад.
Маҳз дар чунин ҳолати бесарусомониҳо ва шакку тардидҳо масъалаи таъсис додани Телевизиони маҳаллӣ ба андешаи на каси дигаре аз сиёсатпешагони ботаҷриба, ки низ даступохурда буданд, роҳ ёфт, балки дар зеҳни ҷавони ибтикорманд Сафаралӣ Бозорзода ин тадбири муҳим гул кард. Мо аз талошҳо, сарсупурдагиҳову ҷонбозиҳои Сафаралӣ Бозорзода огоҳем ва рӯи саҳифа овардани ҳама ҷузъиёти онҳо фурсати дигареро мехоҳад – фурсате бо услуби навиштани зиндагинома ва бозгусозии ҷаҳони андеша.
Аммо чун сухан аз ҳавсалаву орзуҳои як бунёдгари шабакаи телевизиони дар миён аст, ин нуқтаро мебояд таъкид кард, ки ҳадафи Сафаралӣ Бозорзода ҷангноманависи набуд. Аз гуфтаҳояшон пай бурда мешуд, ки барои ин ҷавон барномарезиҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон писанд намеомад. Ҷавонон бояд бидонанд, ки дар замони шӯрави бо забони тоҷикӣ танҳо як шабакаи телевизионӣ фаъолият дошт ва бахши зиёди он ҳам бештар ба мавзуъҳои кишоварзӣ ба вижа пахтакорӣ, тадбирҳои сиёсии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, бозтоби ҷанги сард миёни мамлакатҳои шомили созмони НАТО ва Паймони Варшава, барномаҳои иттилооти бо забонҳои русӣ ва узбекӣ бахшида мешуд. Сафаралӣ Бозорзодаро андешае ранҷ медод, ки барномарези Телевизион ба бозномасозии фарҳанги мардумони водии Кӯлоб аҳамияти шоиста намедиҳанд.
Акнун, ки ҳамдигарситезиҳои тоҷикон шеваи маҳалгароиро ба худ касб карда, зодагони Кӯлоб назди дигарон ҳамчун каҳрамонони манфи бозтоб мегардиданд ва дар зеҳни ҳамдиёрон як ҳисси навмеди ҷой мегирифт, Сафаралӣ Бозорзода таъсиси Телевизиони маҳаллиро рисолати ватанпарварии худ донист. Дар он рӯзгорони парокандагиҳо ва таҳдиди ҳамлаи мусаллаҳона аз ҷониби неруҳои ифротгаро Сафаралӣ Бозорзодаро лозим омад, ки бо сарварони ҷабҳаи халқӣ – Сангак Сафаров ва Лангарӣ Лангариев дар бораи таъсиси Телевизион чандин бор гуфтугу дошта бошад.
Бо мактуби расмӣ дар бораи таъсиси Телевизиони маҳаллӣ ба раиси вилояти Кӯлоб Курбон Мирзоалиев муроҷиат кард ва нахустин намоиши 14-уми майи соли 1992 ба фазо пахш гардид. Албатта, онро наметавон намоиши телевизиони ҳирфаи номид, зеро бо як камераи видеоии шахсии Сафаралӣ Бозорзода, бо ҳазорон ранҷ пайдо кардани кабели телевизионӣ, ёфтаи ҳамкорони журналист ва як силсила тадбирҳои ташкилӣ коре буд басо душвору афсонавӣ.
Нахустин гуфтори телевизионӣ даъват ба сулҳу осудагиву оромӣ буд. Сухан ба ҳамдигарфаҳмию иттиҳоди миллӣ, аз анъанаҳои мардуми тоҷик, аз он ки тоҷикон ҳама мусалмонанд ва набояд онҳоро ба мавзеҳои пасту баланд тақсим кард, мерафт. Гуфта шуд, ки интихоботи президентиро, ки аксари аҳолӣ ба тарафдории Раҳмон Набиев додаанд, бояд эҳтиром кард.
Хатар аз даст додани ҷони ҷавон Сафаралӣ Бозорзода наворбардор, ҳамзамон, режиссер ва виростори барномаҳои телевизиониро ҳар лаҳза таъкиб мекард. Ва ба истилоҳи шахсони ҷангдида он рӯзҳо «кушта шудан дар нисбат ба солим мондан бештар буд..» тири душман чандин бор уро ҷустуҷу карда, боре ба зону, бори дигар ду тир ба синаи ҷавшанпуши (бронжилетпуши) ӯ хурда, зарбаи бе ҷароҳат зада буд.
Бори дигар савори автомашина аз дашти Калташури ноҳияи Дангара гузаштан, ҳангоми аз таркиши тири гранатомёт аз по дарафтоданаш, ҳамсафон пиндошта буданд, ки дигар ӯро зинда нахоҳанд дид. Табибон аз тахтапушташ 50-60 адад заррачаҳои оҳанпора берун бароварданд. Он рӯзҳо телевизиони навтаъсиси Кӯлоб наворҳои ба сабт расондаи Сафаралӣ Бозорзодаро дар лаҳзаҳои маргбор бардоштани Лангарӣ Лангариев пахш кард. Дар он лаҳзаҳо Сафаралӣ Бозорзода дар болои сари Лангарӣ истода буд ва Лангарии хуншор мехост ба рафиқонаш кадом дастурҳое бидиҳад, вале дарди чонкоҳ намегузошт сухани дилхоҳашро бирасонад. Дар ин ҷо мебояд ёдовар шуд, ки сифати барномаҳои Телевизиони Кӯлоб рӯз аз рӯз гуётар мешуд.
Телевизиони Кӯлоб даҳо маротиба бароямон дар барномаҳои алоҳидаи «Дарси кушод», «Минбари мутахассис», «Армуғони сулҳ», «Занро гар зи дониш зеваре ҳаст», «Истикбол аз истиклол», «Ваҳдат-таронаи саодати Ватан» минбар оростааст, то аз дастоварҳои замони соҳибистиклолии Ватан, зиндагии орому осудаи ҳамдиёрон, атрофии мавзуъҳои мухталифи фарогири таълиму тарбияи чавонону наврасон суҳбатҳо анҷом диҳам. Телевизиони Кӯлоб сарпарасти иттилоотии якчанд ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, «Собиқадорони ҷангу меҳнат», «Ҳомиёни Ватан!», «Маъюбони ҷанги Афғонистон» ва «Армуғони сулҳ» буда, бевосита чиҳати ташаккули тафаккур ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеъа, ҳидоят намудани шаҳрвандон ба корҳои ободонию созандагӣ нақши созгор дорад.
Мебояд ин нуқтаи муҳимро, ки дар сарнавишти ояндаи Телевизиони Кӯлоб нақши асоси дошт, алоҳида рӯйи ин саҳифа овард. Рӯзи ба раисии вилояти Кӯлоб интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонро метавон рӯзи оғози тавоно гаштани Телевизиони маҳалли донист, зеро сарвари нави вилоят ҷойгоҳи расонаҳои хабариро дар огоҳии сиёсиву иҷтимоии аҳолии бисёр хуб медонист. Сафаралӣ Бозорзода ва эҷодгарони Телевизиони Кӯлобро, ки шуморашон аз 7 нафари соли 1993 то ба 70 нафар коршиноси ҳирфаӣ афзудааст, ормонҳои давлатсозиву миллатсозии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дасгирии бевоситаи ин шахсияти сарнавиштсози тоҷикон болида сохта, масъулият ва ташвишҳои хайрхоҳонаи онҳоро дучанд мегардонд.
Набояд ин нуқтаро аз ёд бурд, ки дар ташаккулёбии сазовори Телевизиони Кӯлоб нақши давлатмарди донандаи соҳаи журналистика Асадулло Қиматович Раҳмонов чашмгир аст. Ин шахсияти нуқтабину ободкор дар тавоносозии базаи моддиву техникии Телевизиони Кӯлоб ёрии мустақим расонидаанд ва ҳар гоҳи аз таърихчаи бунёди ин маркази фарҳангиву тарбиявии Кӯлоб сухан равад, ба ёд овардани номи некашон ҳатмӣ дониста мешавад.
Имрӯз Телевизион ва радиои Кӯлоб ба як мактаби таҷрибаомӯзии журналистони соҳаи радиотелевизионӣ табдил ёфтааст. Донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз коршиносону кордононӣ ин муассисаи ба пӯрраги ташаккулёфтаву ҳирфаи таҷрибаи корӣ меомӯзанд.
Ин нуқтаро низ мебояд ба ёд овард, ки чандин дастпарварони мактаби эҷодии Телевизиони Кӯлоб дар шабакаҳои радиотелевизионии мамлакат, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе кор мекунанд.
Агар дар мавзуъи дастгирии ҷавонони лаёқатманд сухан гуем, он дар мадди назари роҳбарияти Телевизиони Кӯлоб аст. Мо барои онҳо ҳамаи шароити зарурӣ ва мусоидро омода кардем. Дастпарварони Телевизиони Кӯлоб имрӯзҳо дар Телевизиони Тоҷикистон, МД ТВ «Сафина», МД ТВ «Чаҳонамо», МД ТВ «Варзиш», ТВ «Пойтахт», ТВ «Хатлон» самаранок кор мекунад.
Бигузор дар барномаҳои ин шабакаи дӯстдоштаи мардум ҳамеша аз созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу амонӣ ва рӯзгори ширину табиати рангини кишвари биҳиштосоямон барномаву намоишҳои хотирмон пешниҳоди бинандагон гарданд.
Шабакаҳои марказии Телевизион барои мо ҳамчун мактаби омӯзиш ва сарчашмаи илмҳо хизмат мекунад. Аҳли эҷоди Телевизиони Кӯлоб бо кормандони ҳамаи телевизионҳои ҷумҳурӣ робитаи эҷодӣ доранд. Ҳамкориҳои дутарафа ҳамавақт судманд аст. Бесабаб нест, ки азизе гуфтааст:
Ақл комил гардад аз ақли дигар,
Пешавар комил шавад аз пешавар.
Рустамов Ҷамшед-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment