Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як кишвар ба шумор меравад. Он на танҳо ба соҳаҳои идоракунӣ ва иқтисодиёт зарар мерасонад, балки ба маънавият ва ахлоқи ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст мебошад.
Коррупсия-ин истифодаи мансаб ва ваколатҳои давлатӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ аст. Намудҳои он метавонанд додани пора, қаллобӣ, сарфаи нодурусти маблағҳои буҷетӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ бошанд. Ин падида сатҳи эътимоди мардумро нисбат ба ҳокимият коҳиш медиҳад ва фазои бовариро аз байн мебарад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир дар самти мубориза бо коррупсия қадамҳои муҳим гузоштааст. Қабули қонунҳои махсус, таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамчунин ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ далели ҷиддияти ин мубориза мебошанд.
Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи давлат нест. Фарди худогоҳ бояд аз амалҳои ғайриқонунӣ канора гирад, ба додани пора розӣ нашавад ва ҳолатҳои шубҳанокро ба мақомот хабар диҳад. Маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандӣ дар ин раванд нақши калидӣ доранд.
Барои расидан ба ҷомеаи одил ва ҳуқуқбунёд зарур аст, ки мо ҳама якҷоя, бо иродаи қавӣ ва масъулиятшиносӣ, ба коррупсия муқовимат намоем. Танҳо дар чунин ҳолат метавонем рушди устувор ва ояндаи дурахшони кишварро таъмин кунем.
Шарифзода Одинамо-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ