Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақа ва шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқаи бошукуҳ ва пурҳаяҷон донишҷӯёни паҳлавон аз факултету бахшҳои гуногуни донишгоҳ бо якдигар рақобат карданд. Мусобиқа дар чор вазн: 60 кг, 65 кг, 71 кг ва 71+ кг баргузор шуд ва ҳар як паҳлавон барои ба даст овардани пирӯзӣ тамоми қудрати худро дар майдон гузошт.
Фазои мусоиди тороли варзишии муассиса ва ташрифи зиёди донишҷӯён-мухлисони ин навъи фарҳанги миллӣ раванди мусобиқаро боз ҳам зебову диданӣ намуд.
Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки дар доираи таҷлил аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гузаронида шуд, ҳамзамон як рамзи муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ буд, ки имрӯзҳо барои рушду равнақи фарҳанг ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар миёни насли наврасу ҷавон нақши муҳим дорад.
Баъд аз баргузории марҳилаҳои рақобатҳо ғолибон аз рӯйи вазнҳо ба таври зайл муайян карда шуданд:
1. Бобоев Пайрав-донишҷӯи факултети химия ва биология, ҷойи якум;
2. Раҷабов Саидмуъмин-донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи дуюм;
3. Назарзода Сафарбек-донишҷӯи факултети физика ва математика, ҷойи сеюм;
4. Саидов Алиҷон-донишҷӯи факултети физика ва математика, ҷойи сеюм.
1. Мирзоев Умар-донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи якум;
2. Парвизи Хуҷа-донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи дуюм;
3. Сангов Муҳаммад-донишҷӯи факултети физика ва математика, ҷойи сеюм;
4. Бобоев Рустам-донишҷӯи факултети физика ва математика, ҷойи сеюм.
1. Мустафои Абдулфайз-донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи якум;
2. Одинаев Абдулфайз-донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи дуюм;
3. Раҳмонов Авзалшо-донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи сеюм;
4. Раҳимзода Фаррух-донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи сеюм.
#ВАЗНИ_71+_кг
1. Қурбонов Абдуллоҳ-донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи якум;
2. Шарифзода Рамазон-донишҷӯи факултети физика ва математика, ҷойи дуюм;
3. Исматов Паншер-донишҷӯи факултети молиявию иқтисодӣ, ҷойи сеюм;
4. Саидов Сиёвуш-донишҷӯи факултети физика ва математика, ҷойи сеюм.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби кумитаи тадорукоти мусобиқа ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.