Имрӯз (08.05.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни ҷумҳуриявии «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…» миёни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави болаёқат, суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ гардидааст.
Дар даври донишгоҳии озмун донишҷӯён аз факултетҳои донишгоҳ иштироки фаъолона намуда, ғолибон ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони даври ниҳоии озмун аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо диплому мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.