Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
11 views
Санаи 07 майи соли 2025 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар муҳокимаи кори илмии унвонҷӯи кафедраи информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав — Раҷабзода Нодира Сайдаҳмадро дар мавзуи “Асосҳои методии ташкили корҳои беруназсинфии хонандагон аз фанни информатика (технологияи иттилоотӣ)”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сатторов Абдурасул Эшбекович ва кори илмии унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров — Бобоҷонова Саломат Раҳимҷоновнаро дар мавзуи “Хусусияти ташаккули шуури ҳуқуқии омӯзгорони оянда дар раванди таҳсилоти мактаби олӣ”, таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Азизов Абдулатиф Абдуҳалимович, дар факултети физика ва математикаи донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дод.
Дар муҳокимаи рисолаҳо кормандони раёсати илм ва инноватсия, ҳайати устодону омӯзгорони факултети физика ва математика, кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии донишгоҳ ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Зимнан Самариддинова Зайнаб — номзади илмҳои педагогӣ, дотсент; Қурбонова Умеда — дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ; Назаров Ҳотам — номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи педагогика баромад намуда, паҳлуҳои назариявӣ ва амалии рисолаҳоро таҳлил ва баҳогузорӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment