Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ 9-МАЙ САНАИ ПУРАРЗИШИ ТАЪРИХИСТ

9-МАЙ САНАИ ПУРАРЗИШИ ТАЪРИХИСТ

by admin
22 views
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!
«Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст»
Рӯзи 9-май ба пирӯзии бузург бар фашизм 80-сол пур мешавад. Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардуми гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос мешавад.
9-май рӯзи шодию нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Мо имрӯз чун солҳои пешин дар назди хотираи тамоми қурбониёни ин ҷанги хонумонсӯз сари таъзим фуруд меорем.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошад, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
Имрӯз дар назди ҳар яки мо вазифаи муқаддас-тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ истодааст, то ки мо сарзамини хешро дӯст дорем, ҳифз кунем ва ҳушёрии миллиро аз даст надиҳем. Чӣ тавре ки Президенти кишвар,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунад:
«Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯстиву меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаю ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».
Аз ин гуфтаҳои сарвари давлат бармеояд, ки мо ҳамеша як тану якҷон бошем, соҳибистиқлолилию озодии кишварро аз даст надиҳем, зеро ки ин соҳибистиқлолӣ баъди 1000 сол ба даст омадааст, дар ин роҳ ҳазорон-ҳазорон фарзандони мо хун рехтаанд, то ки мо имрӯз озоду осуда умр ба сар барем.
Дар таъмини Ғалабаи Бузург аз болои душмани инсоният-фашизм ҳиссаи халқи тоҷик ва тамоми меҳнаткашони Тоҷикистон басо бузург аст. Дар ин ҷангҳои шадид зиёда аз 290 ҳазор ҳамватанони мо яроқ ба даст гирифта ҷангидаанд ва зиёда аз 55 ҳазорашон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд, ба 62 нафар номи олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуданд.
Аз Шумораи 5608 нафар фиристодагони шаҳру ноҳияи Кӯлоб 1148 нафарашон дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ нишон дода, ҳиссаи худро дар ин Ғалабаи Бузург гузошта, ҷони худро дареғ надоштанд, ёдашон дар дилҳо, рӯҳашон шод бод!
Бояд қайд кунам, ки ҶБВ дар қатори дигар фарзандони содиқи Ватан наздикони ман ҳам фаъолона иштирок карда дар ин ғалаба ҳиссаи худро гузоштанд. Аз аҳлу оилаи мо 11 нафар ба ҷабҳа даъват шуда буданд ва 3 нафарашон ба корҳои ақибгоҳи армияи сурх (тыловие работы) ба шаҳрҳои Челябенск, Сверловск ва Комсомоли лаби Амур даъват шуда будан ва барои ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ ҳиссаи худро гузошта буданд.
Замима:
1. Бобоям Ғани Марёбоев — Фронти ҷанубӣ
2. Амакам Ғафуров Шамс – Фронти беларусия 1-ум
3. Амакам Ғафуров Қамар – Фронти кавкази шимолӣ
4. Амакам Ғафуров Нуриддин – Фронти Каленин
5. Ҳусейнов Сафол – Фронти ғарбӣ
6. Расулов Маҷид – Фронти ғарбӣ
7. Расулов Воҳид – Фронти Волхов
8. Ҳамидов Хон – Фронти Ленинград
ҒАФУРОВ ШАМС – ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
(1914–1992)
Ғафуров Шамс 15 июни соли 1914 дар деҳаи Порвори мавзеъи Дашти Ҷум ба дунё омадааст. Ӯ рӯзи 3 июни соли 1943 ба сафи Артиши Сурх даъват гардида, то 18 августи соли 1945 дар ҳайати полкҳои тирандозии пиёдагард №1250, 789, 208, 612 ва 111 ҳамчун аскари қаторӣ хизмат намудааст.
Вай дар ҷангҳои озодкунии Белорусия, Полша ва Германия ширкат варзида, дар якчанд муҳорибаҳо захмӣ шудааст. Ӯ ҳамчун аъзои Фронти 1-уми Белорус таҳти роҳбарии Маршал Жуков дар муҳорибаи Берлин иштирок намуда, бо сари баланд ба назди падару модар ва хонаводаи худ баргаштааст.
Хизматҳои ҷангии Ғафуров Шамс аз ҷониби давлати Шӯравӣ бо чунин мукофотҳо қадрдонӣ шудаанд:
• Ордени ҶБВ дараҷаи 1-ум
• Медали “За отвагу” (Барои шуҷоат)
• Медали “За боевые заслуги” (Барои хизматҳои ҷангӣ)
• Медали “За победу над фашисткой Германией” (Барои ғалаба бар Германияи фашистӣ)
• Зиёда аз 7 медали ҷашнӣ то соли 1990
• Ифтихорномаи ҷангӣ аз номи Фармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ
Баъди ҷанг, Ғафуров Шамс дар Идораи сохтмони №15 ва дар корхонаи пахтаи шаҳри Кӯлоб содиқона меҳнат кардааст. Ӯ аз ҳамин корхона ба нафақа баромада, 16 июни соли 1992 аз дунё гузаштааст.
Онҳое, ки бе ному нишон шудаанд, номи шумо абадӣ дар дили халқ боқӣ мемонад!
1. Ғафуров Қамар – Аскари қаторӣ, соли 1941 даъват шудааст, бе ному нишон
2. Ғафуров Нуриддин – Аскари қаторӣ, соли 1941 даъват шудааст, соли 1942 бе ному нишон шудааст
3. Ҳусейнов Сафол – Аскари қаторӣ, соли 1943 даъват шудааст, бе ному нишон
Ҷашни зафар муборак бошад ҳамватанони азиз!
Ғафуров Қамариддин-ассистенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР-и факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment