Бо амри Худо рӯз ту карди шаби моро,
Бар гармии умед расондӣ таби моро.
Нури хирадат гашт мададгору шинондӣ,
Бар маснади хуршед маҳу кавкаби моро.
«Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?»
Карди ту пур аз хандаи ширин лаби моро.
Аз ҷанг нишон нест, нишон нест зи кина,
Бояд, ки ҷаҳон хатм кунад мактаби моро.
Гуфтӣ ҳама аз қолаби некии Худоем,
Аз лои бадӣ нест асар қолаби моро.
Мо аз ватани матлаби ояндаи дурем,
Ғайри ту нафаҳмад дигаре матлаби моро.
Гӯянд бузургон сухан аз боби бузургӣ,
Донанд ҳама аъзамии мазҳаби моро.
