Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Посдори забон”-и кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз (29.04.2025) дар назди кафедра маҳфили навбатии он бо иштироки мудири кафедра дотсент Қувватова Муҳаббат ва ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил Чолова Майрамбӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Урозова Муясара- донишҷӯи курси якуми факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Ибора ва ибораороӣ” ва Раҳмонова Сабрина — донишҷӯи курси якуми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Маълумоти мухтасар доир ба вожаҳои бунёдӣ дар таркиби луғаии забон” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.