Санаи 25.04.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогика конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани таълиму тарбия, нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа” гузаронида шуд.
Дар кори конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипов Анвар, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳимов Гурез ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими донишу малакаи касбии донишҷӯён андешаронӣ намуд.
Дар идома мудири кафедра, дотсент Назаров Ҳотам суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия яке аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, омӯзгорон ҳамчун нерӯи асосии зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозанд. Ҳукумати кишвар пайваста барои беҳтар намудани шароити корӣ ва зиндагии омӯзгорон чораҳои зарурӣ меандешад. Бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмин бо лавозимоти муосир ба раванди таълим мусоидат менамояд.
Сипас, дотсентони кафедра Иброҳимов Гурез дар мавзуи “Муаллими мактаби олӣ-муаллими муаллимон”, Лоиқов Парвиз дар мавзуи “Маданияти педагогии омӯзгори мактаби олӣ”, муаллими калони кафедра Расулова Нодира дар мавзуи “Мавқеи баланд бардоштани сифати таълим дар тайёрии касбии ҷавонон” ва донишҷӯи курси якуми факултети химия ва биология Зикруллозода Мавлуда дар мавзуи “Хусусияти касбии фаъолияти омӯзгор” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳои омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.