Рӯзи 24-уми апрели соли 2025 дар кафедраи муносибатҳои байналмилалии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари навбатии илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар ҷараёни он, муаллими калони кафедра Сафаров Ҳакимшо доир ба мавзуи «Таҳаввули истифодаи консепсияи “неруи нарм” дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин» баромади муфассал намуд. Сипас, ассистенти кафедра Саидов Даврон маърӯзаи худро таҳти унвони «Нақши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои соҳаи дипломатия» манзури ҳозирин гардонид.
Мавзуъҳои пешниҳодшуда дар семинар муҳтавои муҳим ва аҳамияти назарраси илмиву амалӣ дошта, миёни иштирокчиён баҳсу мулоҳизаҳои ҷолибро ба вуҷуд оварданд.