Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
21 views
Санаи 24.04.2025 дар кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари назариявӣ ва илмӣ-методии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинар муаллими калони кафедра Шоимардонова Мунира дар мавзуи “Арзишҳои миллӣ ва омодашавӣ дар фарҳанги ниёгони тоҷику форс”, ассистенти кафедра Атоев Некруз дар мавзуи “Технологияи ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дар омоданамоии касбии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ” маърӯза намуданд.
Семинар дар фазои илмӣ ва муҳокимаронии озод баргузор шуда, иштирокдорон перомуни мавзуъҳои матраҳшуда баҳсу гуфтугӯ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment