Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Ҳамасола дар саросари кишвар тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва дақиқ ҷалб намуддани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм-фурӯғи маърифат» доир мегардад, ки дар он истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.
Имрӯз (22.04.2025) дар партави ҳидоятҳои саодатбахш, омӯзаҳои хирадбунёд, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии вилояти Хатлону шаҳри Кӯлоб ва фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар муассиса даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо иштироки муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба илм инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва иштирокчиёни даври донишгоҳии озмун баргузор гардид.
Дар рафти баргузории ҷаласаи ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба таълим Абдусамадзода Эраҷ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Саттор Ғаффоров ва номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар доир ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва нақши илм дар рушду инкишофи ҷомеаи башарӣ изҳори андеша намуда, ба кори озмун барору комёбиҳо таманно намуданд.
Зимни баромад, таъкид гардид, ки озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳои нав, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ташкил ёфта, дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бакалаврону магистрон, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Қобили зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ташкил дода шуда, баргузории он сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд.
Ҳамчунин дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон баромад намуда, тартиби баргузории озмунро тибқи муқаррароти Низомнома, бори дигар, ба иштирокчиён фаҳмонид. Зимнан тартиби ба роҳ мондани корро дар бахшҳо, ки нимаи дуюми рӯз идома ёфт, ба ҳозирин фаҳмонид.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид, ки маҷмӯан дар даври донишгоҳӣ 100 нафар иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Донишгоҳ дар даври факултетии озмун 154 нафар донишҷӯён иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд. Дар даври донишгоҳӣ иштирокчиён малакаю маҳорат ва донишҳои худро нишон дода, беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.
Дар умум Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» бешак барои рушди ҷаҳонбинии ҷавонон, сайқалёбии дониши онҳо дар илмҳои дақиқ саҳми арзанда мегузорад ва татбиқи илмҳои дақиқ дар амалия боиси рушд намудани чи иқтисод ва чӣ саноатикунонии кишвар хоҳад гашт.