Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД

УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД

by admin
11 views
Адабиёту фарҳанги давраи нави тоҷик бо заҳмати фидокоронаи як идда маорифпарварон, ки сарсупурдаи фарҳанги миллат буданд, ба талаби давру замон роҳандозӣ шудааст. Ин давраи адабиёт аз осори безаволи устод Садриддин Айнӣ оғоз мегардад. Устод дар муддати умри бобаракати хеш асарҳои зиёди бадеӣ, публитсистӣ ва илмӣ таълиф намудааст. Ба қавли М.Турсунзода: «Агар маҳсули адабӣ ва хизмати ҷамъиятии устодро бо маҳсули адабӣ ва хизмати як коллективи калони адибон андоза кунем, вазни хизматҳои Айнӣ бемуболиға афзалтар хоҳад буд».
Воқеан, асосгузори адабиёти давраи нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар ҳассостарин давраи таърихии халқи тоҷик зиндагӣ ва эҷод кардааст, ки маҳсули андешаҳои вай хирмани адабиёти оламшумули моро боз ҳам пурбор гардонидаанд.
Осори басо ғановатманди устод Айнӣ, аз ҷумла «Намунаи адабиёти тоҷик», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Мирзо Абдулқодири Бедил» бо забони халқҳои гуногун тарҷума шуда, мавриди истифодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд.
Нависанда дар баробари заҳамоти таълифи асарҳои бадеиву илмӣ, ҷиҳати беғалат ва росту дуруст ба чоп расонидани онҳо низ ҷиддан диққат медод. Чунин таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, аз таҷриба ва маҳорати устод дар нақди матн дарак медиҳад. Фаъолияти устод С. Айнӣ дар хусуси таҳия ва ба табъ расонидани асарҳои бадеӣ ҳанӯз пеш аз инқилоби Октябр сурат гирифта, минбаъд инкишоф ёфтааст.
Маҳз ҳамин серталабии нависанда ба кори эҷодӣ боиси таҳрирҳои пайдарпайи асарҳои вай гардидааст. Аз ҷумла, қиссаи «Одина» аз ҷониби нависанда борҳо таҳрир гардида, ба тағйироти зиёде мувоҷеҳ гардидааст. Ва ин таҳрирот мазмун ва шакли бадеии асарро боз ҳам мукаммал сохтааст. Нависанда минбаъд ҳам ба ҳамин роҳи душвор пеш рафта, намунаи баланди меҳнатдӯстӣ ва масъулияти баланди эҷодкорӣ нишон додааст.
Ҳамин ҷаҳду талошҳои устод Айнӣ дар роҳи эҷод дар асари нотамоми ӯ «Ёддоштҳо» (1948-1954) ҷамъбаст гардидааст. «Ёддоштҳо» чун охирин ва бузургтарин асари нависанда, ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, таваҷҷуҳи бисёр олимони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Ин асари ҳаҷим ва фарогир маҳсули тамоми давраи эҷодии муаллиф буда, солҳо дар андешаи устод қарор гирифта буд ва соли 1940 асари «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам»-ро навишт, ки як навъ машқи пешакӣ барои эҷоди асари ёддоштӣ ба ҳисоб мерафт. Матни асар ба монанди матнҳои дигар асарҳои устод – «Одина», «Мактаби куҳна», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Ғуломон» борҳо таҳриру такмил ёфтааст.
Саҳми устод Айнӣ дар инкишофи адабиёти тоҷик хеле бузург аст. Ӯ на танҳо тавассути асарҳои эҷодкардааш, балки бо мактаби эҷодӣ ва шогирдони тарбиянамудааш роҳи ояндаи адабиёти моро равшан намуд. Масалан, таҳрири аксари асарҳояш, хусусан «Ёддоштҳо»-ро бо маслиҳати шогирдонаш – А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҳ. Аҳрорӣ корбаст намудааст, ки ин яке аз хусусиятҳои хоси мактаби эҷодии устод мебошад.
Ӯ ҳамчун адиби сермаҳсул ва масъулиятшинос асарҳояшро гаштаю баргашта таҳрир мекард ва дар чунин фикр буд, ки кори наку кардан аз пур кардан аст. Инро аз муқоисаи матнҳои хаттӣ ва чопии асарҳои устод мушоҳида мекунем ва чунин муносибат ба кор бори дигар меҳнатдӯстӣ ва душворписандии устод Айниро дар кори эҷодӣ нишон медиҳад. Асаре, ки аз тарафи нависанда борҳо таҳрир меёбад, аз лиҳози мазмуну мундариҷа такмил ёфта, аҳаммияти калони таълимию тарбиявӣ ва эстетикӣ касб мекунад.
Устод Айнӣ дар поёни умр бо вуҷуди пирӣ ва беморӣ бо меҳнати мунтазаму бурдборона вақти худро сарфи омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва тоҷикшиносӣ кардааст.
Айнишиносӣ имрӯз дорои мактаби пурқуввати илмӣ буда, олимон ва муҳаққиқони зиёдеро фаро гирифтааст. Паҳлуҳои гуногуни осори С. Айниро донишмандони илмҳои филология, таърих, сиёсатшиносӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додаанд. Роҷеъ ба мавзуву мундариҷа, забону услуби баён, вижагиҳои жанрӣ ва луғавии асарҳои устод олимони хориҷиву ватанӣ, аз ҷумла И. Брагинский, Л. Демидчик, К. Федин, Г. Ломидзе, Саид Нафисӣ, Ян Рипка, Иржи Бечка, Сарвари Гӯё, С. Сирҷонӣ, М. Авезов, Ш. Ҳусейнзода, М. Шукуров, С. Табаров, Х. Мирзозода, М. Турсунзода, А. Сайфуллоев, Р. Ҳодизода, Х. Асозода, А. Кӯчарзода, М. Имомзода, А. Маҳмадаминов, Ш. Раҳмонов ва чанде дигарон дар давоми солҳо таҳқиқоти муфассалу арзишманд анҷом додаанд.
Ба андешаи нависандаи рус Л. Леонов: «Китоби С. Айнӣ (“Ёддоштҳо”- Ш.Ҷ.) аз ҷиҳати қувваи умумиятдиҳии бадеии худ, аз ҷиҳати амиқу ҳикматнокии афкор ва аз ҷиҳати маҳорати олии адабӣ дар адабиёти умумииттифоқии мо ҳодисаи бузурге мебошад». Бинобар ин, омӯзиши эҷодиёти устод ҳамоно доманадор буда, дар давоми солҳо диққати доираи васеи хонандагон ва муҳаққиқонро ҷалб карда меояд.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар эҷодиёти устод Айнӣ ин тарғиби омӯзиши илму дониш ва худшиносии миллӣ мебошад. Воқеан, масъалаҳои муносибати мактабу ҷомеа, нақши боризи падару модар дар тарбияи фарзанд, ақидаҳои маърифатпарварӣ ва ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, бедории шуури миллӣ дар осори бадеию публитсистии намояндагони илму адаби тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад.
Яке аз он бузургон, ки дар ин боб заҳматҳо кашидааст, устод Айнӣ мебошад. Ин андешаҳо дар асарҳои устод Садриддин Айнӣ – «Мактаби куҳна», «Аҳмади девбанд», «Ахтари инқилоб», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Исёни Муқаннаъ», «Ёддоштҳо»; мақолаҳои «Акнун навбати қалам аст», «Масъалаи маориф ва мактаб», «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ», «Модар — Ватан» ва ғайраҳо моҳиронаю нозук, возеҳу равшан ва тавъам бо санъати баланди бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки роҳи пуршарафи эҷодиро тай намудааст, тамоми ҳаёт ва фаъолияти серсоҳаи адабӣ ва илмии худро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва дӯстию ҳамкории инсонҳо бахшидааст.
Устод Айни дар тамоми осори бадеӣ, публитсистӣ ва илмӣ аз масъалаи тарбияи инсондӯстию ватандӯстӣ ва бедории шуури миллиии ҷавонон канора нарафтааст. Чунки худи ӯ муҳити тангу торик ва ятимию бекасиро аз сар гузаронида буд. Масалан, дар повести “Ятим” рафта-рафта ҷанбаи ватандӯстии асар тақвият меёбад. Модари Ятим меҳри Ватан ва ҳифзи онро аз аҷнабиён дар дили фарзандаш ҷо мекунад. Маҳз ана ҳамон таъкидҳои модар буд, ки роҳи ояндаи ятим ба зиндагӣ дигар шуд.
Чунин андешаҳоро, қабл аз “Ятим” мо дар «Таҳзиб-ус-сибён» мушоҳида мекунем, ки модар ба писари хурдиаш, ки дар шаҳри Бухоро мехонд, мактуб навишта, аз ҷумла мегӯяд: «Нури дидаи ман, аз ту танҳо як хоҳиш дорам, ки ин аст: Дар роҳи хондан сайъ кун! Одам шав! Баъд аз он ба қадре ки метавонӣ, дар ватан ва аҳли ватани худ ва ҳаммиллати худ хидмат намой! Ба ман ҳамин шараф бас аст, ки як ходими донишманди миллат ёдгор гузорам».
Асарҳои «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ», ки ифодакунандаи идеалҳои неки инсонӣ мебошанд, дар тарбияи ватандӯстонаи хонандагон таъсири амиқ мегузорад. Темурмалик ва Муқанаъ ҳамчун симоҳои ҷовидонаи адабиёти мо, балки халқи мо ҳамеша руҳбаландкунандаи ҷавонон мебошанд. Онҳо типи он нафаронеанд, ки ҳастии худро баҳри пойдории давлати худ, миллати худ бахшидаанд. Фидокориҳои Темурмалик, ки ҳатто дар охирин лаҳзаҳои ҳаёти худ аз ёди Ватан канда наметавонист, барои насли имрӯзаи мо мояи ифтихор ва намунаи ибрат мебошад: «Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва одамдӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории Ватани азизи ман аст!» Дар охири хат ин байт ҳам буд:
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!
Ақидаҳои маърифатпарварӣ ва ватандӯстии устод Айнӣ дар мақолаи «Модар -Ватан», ки дар рӯзҳои аввали ҶБВ таълиф шудааст, ба таври мушаххас зикр гардидааст: Модар – Ватан! Ин ду чиз ба ҳамдигар сахт вобаста буда, ба одам аз ҳама чиз азизтар ва наздиктар аст. Одам саравал аз бачадони модар пайдо мешавад, тарбияи ибтидоии худро аз организми дарунии модар мегирад. Ин ҳодиса ҳаминро нишон медиҳад, ки ватани аввалини фарзанди одам шиками модар будааст.
Фарзанде, ки хидмати модари худро накунад, ба ӯ ёрӣ надиҳад ва ӯро ранҷонад, на танҳо дар назари модар, ҳатто дар пеши ҳамаи ҷамъият ҳам манфур мегардад, ҳама аз ӯ нафрат мекунанд, ӯ ба унвони «оқи модар» машҳур мегардад. «Оқи модар»-ро дар ҳеҷ ҷамъияти инсонӣ роҳ нест. Ин алоқае, ки миёни фарзанди одам ва модари ӯ тасвир карда шуд, дар байни ӯ ва ватани ӯ боз ҳам васеътар, пурратар ва мустаҳкамтар аст, чунки агар модар фарзанди худро дар шиками худ 9 моҳ ва баъди таваллудаш дар пеши худ 4-5 сол тарбия мекарда бошад, Ватан фарзанди худро як умр аз рӯзи пайдо шуданаш то фавташ тарбия мекунад. Тарбияе, ки модар ба фарзанд медиҳад, дар ҳақиқат он тарбияест, ки Ватан ба воситаи ӯ ба фарзанди худ додааст. Чунки агар Ватан дар шароити вай тайёр карда додагӣ намебуд, модар фарзанд таваллуд карда наметавонист ва баъд аз таваллуд ӯро тарбия карда ба воя расонда наметавонист.
Ва дар идомаи сухан мегӯяд, ки: Ватан ҳам ба мисли модар аз фарзанди худ дар муқобили он тарбияҳоие, ки ӯро кардааст ва муносиби он ёриҳое, ки ба ӯ расондааст, дар ҳақи худ ҳимоят, хидмат ва фармонбардорӣ талаб мекунад. Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро барҳам надодааст, Ватани худро монанди модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад ва ба ӯ хидмат менамояд ва дар роҳи ӯ аз фидо кардани ҷони худ боз намеистад. Чунки ӯ ҳамаи чиз, ҳатто ҳастии худро аз Ватани худ ёфтааст ва худро дар вай подшоҳ гуфта ҳис кардааст. Агар Ватан аз даст равад ӯ дар он ҷо шахрванди оддӣ ҳам шуда наметавонад, балки дар дасти ғосибони истилогар ғулом ва асир шуда мемонад, ӯ дар пойи бегонагони бадкирдор поймол шудан ва таҳқир ёфтани ёдгориҳои гузаштагони худро дида азоб ва алам мекашанд Ба ин сабаб ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан зан, фарзанд, ҳамшира ва хоҳари ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст!
Ба ақидаи устод Айнӣ касонеро, ки барои мудофиаи Ватан кореро иҷро накарда бепарво мегардад, мисли он ки дар вақти таҳқир ёфтани модари худ тамошобин шуда истода бошад, разил, сафил, беномус бе аҳамият медонад.
Ба ҳамин маънӣ, инсон бояд «дар байни «Ватан» ва «Модар» дар ҳурмат ва муҳаббат ҳеҷ фарқ нагузорад, дар назди ӯ аз «Модар» ва «Ватан» як чиз мафҳум аст, ки муҳаббат ба ӯ ва ҳимоят кардани ӯ ба ҳар як фарзанд, ба ҳар як шаҳрванд лозим аст. Дар ҳақиқат модари ҳақиқӣ Ватан аст».
Маълум аст, ки асоси тараққӣ ва тамаддуни ҳар миллат ва қавм вобаста аст ба маорифу мактаб. Ва ин аст, ки мактабу маориф дар эҷодиёти Садриддин Айнӣ мақоми аввалиндараҷаро касб кардааст, чунки ин соҳа бедоркунандаи шуури сиёсию фарҳангии ҳар як миллат мебошад. Дар мақолаи «Танвири афкор» устод Айнӣ моҳияти мактабу маорифро дар зиндагии инсон таъкид намуда, сабаби қафомонии туркистониён, аз ҷумла тоҷиконро дар беэътиборӣ кардан ба илму дониш медонад: «Фикри соиб ба хатти ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад, магар аз мактабу мадорис. Лекин мо – туркистониён умуман дар зарари панҷоҳсола асорати ҳукумати мустабиддаи рус мактаб ва мадориси куҳнаи худро барбод дода, дорулилмҳои нав кушода натавониста, билкуллия аз илму маърифат маҳрум мондем».
Устод Айнӣ чун омӯзгори соҳибтаҷриба сабаби асосии қафомонии фарҳангии тоҷиконро дар мудати чор соли баъди Инқилоби Октябр дар нарасидани китоб мебинад ва роҳҳои як андоза ҳал кардани ин масъалаи басо муҳими соҳаи маорифи мамлакатро дар қадри тавон ҳозир намудани китобҳои дарсӣ медонад. Хушбахтона, ин масъала дар замони кунунӣ пурраа ҳалли худро ёфтааст, ва ҷавононро мебояд, ки ин неъмати бузургро қадрдонӣ кунанд.
«Шоир хату савод доштан ва дорои илму дониш буданро воситаи асосии ба ҳуқуқҳои инсонӣ ва шаҳрвандӣ расидан медонад, – қайд кардааст профессор А. Кӯчарзода, – бинобар ин дар мақолаи «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ» масъалаи саросар саводнок кардани аҳолии калонсолро ба миён мегузорад ва муҳлати фаъол намудани курсҳои маҳви бесаводиро ҳам баҳри калонсолон муайян мекунад».
Масъалаи дигаре, ки С. Айнӣ дар солҳои аввали Ҳукумати Шуроӣ дар Тоҷикистон оид ба китоби дарсӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ба вуҷуд овардани китобҳои дарсии ба усули нави таълим мувофиқ мебошад.
Дар осори публитсистии С. Айнӣ тарғибу ташвиқи мактаб, маориф ва саросар саводнок кардани аҳолӣ дар шаҳру деҳот мавқеи муносиб дорад ва ин мавзуъ дар тамоми давраҳои эҷодии нависанда идома меёбад. Аз ин ҷиҳат очерки «Аз зулмот ба нур», ки соли 1950 таълиф гардида, дар рӯзномаҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Тоҷикистони сурх» ба табъ расидааст, қобили таваҷҷуҳ аст. Дар ин асар масъалаи саросар саводнок шудани аҳолии кӯҳистони тоҷик ва аҳамияти босаводӣ дар зиндагии рӯзмараи ҳар фарди ҷомеа зикр шудааст.
Яке аз масъалаҳои басо муҳими ҳикояҳои «Мактаби куҳна», «Аҳмади девбанд», «Пионери 53-сола» ва «Моҳрӯй» таълиму тарбияи насли наврас мебошад. устод Айнӣ дар ҳикояҳои мазкур дар муқоиса усули таълими даврони пӯсидаи амирӣ ва шароити мусоиди Шуравиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба ин восита ба хонандагон ва аҳли ҷомеа ҳушдор додааст, ки дар тарбияи фарзанд, соҳибкасб кардани онҳо бетафовут набошанд. Аз шароит ва имконоти мавҷуда истифода бурда, роҳи ояндаи фарзандони худро до нури илму дониш равшан намоянд.
Ин гуна ақидаҳо дар осори назмии устод Айнӣ низ дида мешавад. Шеърҳои ба мактаб ва хонандагони мактаб бахшидаи С. Айнӣ, пеш аз ҳама руҳи озодихоҳӣ ва маърифтадӯстӣ доранд. Адиб тавассути чунин шеърҳои панду ахлоқӣ ҷаононро ба сӯйи омӯзиши илму дониш, ахлоқи ҳамида, дӯрӣ ҷустан аз амалҳои ба два аз худ кардани касбу ҳунар даъват намудааст:
Саҳаргоҳон гулистони дабистон,
Таровтбахш бошад чун гулистон.
Чаро аз ин гулистон гул начинед?
Чаро дар кунҷи бекорӣ нишинед?
Биёед, шарикон дарс хонаем,
Ба бекориву нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гарда,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Умуман, асару мақолаҳои ба мактабу маориф бахшидаи устод Айнӣ ба мазмуну муҳтаво, рӯзмаррагӣ ва дараҷаи тарғиботии худ таваҷҷуҳи роҳбарон ва кормандони масъули ин соҳаро ҷалб карда, онҳоро водор мекунад, ки масъалаи мубрами рӯзро дар вақташ ҳаллу фасл намоянд. Ва ҷолиб аст, ки ин асару мақолаҳо дар замони мо ҳам зиёда мубрам ва ҳидояткунанда мебошанд.
Ҳамин тариқ, ақидаҳои маърифатпарварӣ ва ватандӯстӣ, масъалаҳои шуури миллӣ ва хештаншиносӣ дар сартосари эҷодиёти устод Айнӣ дида мешавад. Ин гуна идея ва хислатҳо пеш аз ҳама вобаста аст ба мактабу маориф, чунки мактабу маориф дар ҳамаи давраҳои ҷамъияти инсонӣ омили пешбаранда ва яке аз пояҳои мухими давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Рушду нумуи ҳар як далату миллат, ба вижа дар шароити муосир, ба сиёсати дурандешонаю пайгирона дар самти мактабу маориф, таҳкими ташаккули низоми таҳсилот ва дастовардҳои беназири технологияи иттилоотӣ дар сиёсати далатӣ мақоми меҳвариро соҳиб аст.
Боиси қаноатмандист, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти далатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатро ислоҳот ва ба меъёрҳою талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани низоми таҳсилот ташкил медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш, ки бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи далатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида буд, роҷеъ ба соҳаи маориф таъкид намуда буданд, ки «Соҳаи мориф дар марҳалаи муосири инкишофи инсоният ба яке аз соҳаҳои мухиму ҳалкунандаи ҳаёт мубадал гардидааст. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳамаи самтҳои он баробар рушд ёбанд».
Дар роҳи пешбурди илму маърифат ба ҷавонони замони мо омӯхтани бисёрҷониба ва ҷиддии бузургоне чун устод Садриддин Айнӣ амали зарурӣ мебошад. Ба андешаи шоири номдори тоҷик Бозор Собир:
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Дар натиҷаи омӯзиш ҳар як шахси соҳибватанро эҳсосоти аҷибе фаро мегирад, яъне дар ӯ ҳисси ватапарварӣ, инсодӯстӣ, ҳимоят кардани Ватан аз душманони аҷнабӣ, ҳамеша дар ҷустуҷӯйи илму фарҳанг ва дар зиндагӣ босабр будан пайдо мешавад. Пас, хонандаи имрӯзро мебояд, ки аз эҷодиёти мондагори устод Айнӣ баҳра бурда, дар пешравии давлату миллати хеш саҳмгузор бошанд.
Шамшоди Ҷамшед, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷкики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment