Имрӯз (11.04.2025) бо чунин ном дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ном Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафаи донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳа аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, аз ҷумла сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Қурбонов Абдураҳмон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ҳайати устодон ва меҳмонон дар аввал аз намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса дидан намуданд.
Кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон зимни ифтитоҳи конфронс ҳайати меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро боиси ифтихор ва шодии афзуни ҳайати кормандон ва ташкилкунандагони ҳамоиши илмии сатҳи баланд арзёбӣ намуд. Дар идома қайд намуд, ки дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ илму маориф ба категорияи афзалиятҳои миллии тамоми давлатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф мансуб буда, масоили марбут ба он аз самтҳои муҳими давлатдории муосир ба ҳисоб меравад.
Нишотовар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти падидаву таҳаввулоти рӯзафзуни замони муосир, барои рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ гомҳои муҳиму устувор гузошта истодааст.
Сипас, тибқи барномаи конференсия Ибодов Маҳмадулло – доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафаи донишгоҳ дар мавзуи “Фалсафаи таҳаввулот: ҳолат ва дурнамо”, Қурбонов Абдураҳмон, профессор, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Вазъи неруи зеҳнии мактабҳои олӣ: мушкилот ва дурнамо”, Маҳмадизода Нозим, профессор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар мавзуи “Таъсири мусбату манфии шабакаҳои интернетӣ ба мафкура ва рафтори иҷтимоии ҷавонон”, Ҳаитов Фирдавс, дотсент, мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Бегонашавии арзишҳои ахлоқӣ-зебоипарастии инсон дар раванди муҳоҷират” ва Камолов Шодмонҷон, дотсенти кафедраи фалсафаи донишгоҳ дар мавзуи “Инсон ва таҳаввулоти ояндаи ӯ ҳамчун проблемаи глобалӣ (ҷанбаҳои илмӣ, иҷтимоӣ ва гуманистӣ)” маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд.
Иштирокчиён зимни ироаи маърӯзаҳо ёдовар шуданд, ки дар асри XXI инсоният шоҳиди марҳилаи наву беназири рушди илму технология буда, таҳаввулоти илмӣ-техникӣ на танҳо самтҳои гуногуни ҳаёти инсонро дигаргун, балки ояндаи инсониятро низ таҳти таъсири амиқ қарор медиҳад. Тағйироти бунёдии илмиву техникӣ тайи даҳсолаҳои охир тарзи зиндагӣ, муносибатҳои иҷтимоии аҳли башар ва равандҳои иқтисодии ҷаҳонро ба маҷрои комилан нав равона намудааст.
Дар идома ровии ҳамоиши илмӣ Ғаюров Лоиқ, дотсент, мудири кафедраи фалсафаи донишгоҳ зимни пешбурди кори конфронс иброз намуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳар як давлату миллат тақозо менамояд, ки ҷиҳати пешрафти худ ва бунёду таҳкими давлатдории миллӣ тамоми равандҳои ҷаҳонишавиро пайгирӣ намояд.
Кори конференсия қисми дуюми рӯз дар 2 бахш: “Зеҳни сунъӣ ва ояндаи инсоният” ва “Пешрафти илмӣ-техникӣ ва ояндаи инсоният” бо баррасии мақолаҳои олимону донишмандон идома меёбад.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
“Анвори дониш”