Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ НАЗМ

НАЗМ

by admin
17 views
Субҳ ба хайр, эй гули райҳони ман,
Сабзтарин барги гулистони ман.
Субҳ ба хайр, эй нигаҳи нозанин,
Чашми дилу дидаи пазмони ман.
Субҳ ба хайр, эй зи саҳар тозатар,
Чашмаи ойинаи имони ман.
Субҳ ба хайр, эй нафаси гарми ишқ,
Хандаи хуршеди зарафшони ман.
Субҳ ба хайр, олиҳаи зиндагӣ,
Замзамаи нам-нами борони ман.
Субҳ ба хайр, эй, ки туро гуфтаам,
Ҷони ман, эй ҷони ман, эй ҷони ман,
Субҳ ба хайр, эй ғазали Озарахш,
Дар варақи аввали девони ман!
✍️Озарахш

Related Articles

Leave a Comment