Home ХАБАР ГУФТУГӮ ДАР БОРАИ АРЗИШҲО: НАМОЯНДАГОНИ ДДК ДАР ФОРУМИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

ГУФТУГӮ ДАР БОРАИ АРЗИШҲО: НАМОЯНДАГОНИ ДДК ДАР ФОРУМИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

by admin
16 views
Имрӯз (10.04.2025) дар ҳудуди “Маркази миллӣ”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми байналмилалии расмӣ-ҷамъиятӣ таҳти унвони «Авруосиё-ҳудуди арзишҳои анъанавӣ» ба кори худ шуруъ намуд.
Дар Форуми мазкур, ки пойгоҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаҳои шаҳрвандии кишварҳои Авруосиё ба ҳисоб меравад, намояндагони кишварҳои гуногун ширкат варзида, оид ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарии мусоидаткунанда ба рушди самтҳои фаъолият табодули андеша сурат хоҳад гирифт.
Дар кори Форум аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Худойдодова Шарофат, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва Каримҷонзода Манучеҳр, дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Related Articles

Leave a Comment