Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

by admin
15 views
Дар доираи таҷлили Рӯзи илми тоҷик ва эълон гардидани «Ҳафтаи илм» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ташаббуси кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус, мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши забон дар ташаккули тафаккури ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи амалисозии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ шуд.
Мизи мудавварро мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забони адабии рус, дотсент Ғуломова Садбарг бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ аҳаммияти забонро дар ташаккули афкори ҳуқуқӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ махсусан таъкид намуд.
Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳимова Савронбӣ дар мавзуи “Ҳаёт баҳри сулҳу саодати халқ”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашуров Азамат дар мавзуи “Нақши Паёми Пешвои миллат дар самти иқтисодии мамлакат” ва муалими калони кафедра Ҳалимова Мавҷуда дар мавзуи “Дурнамо ва мушкилоти кунунии рушди маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баромад карданд.
Дар рафти чорабинӣ миёни устодон ва донишҷӯён мубодилаи афкор ва муҳокимаронии масъалаҳои марбут ба омӯзиши забон, ташаккули худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ сурат гирифт. Ин гуна чорабиниҳо дар рушди фарҳанги муошират ва таҳкими муносибатҳои устодон бо донишҷӯён нақши муассир мегузоранд.
Мизи мудаввар дар фазои дӯстона ва рӯҳияи илмӣ анҷом ёфт.

Related Articles

Leave a Comment