Дар доираи баргузории Конференсияи илмӣ-назариявии ифтитоҳии “Ҳафтаи илм”, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (солҳои 2020-2040) ва 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, як қатор омӯзгорони фаъол бо мукофотҳои соҳавӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ба 6 нафар омӯзгор барои саҳми арзанда дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот унвони фахрии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим гардид.
Инчунин, чанд тан аз устодон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми назаррас дар рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо сипосномаи ректори Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Ин қадрдонӣ аз дастовардҳои устодон нишони эътирофи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва меҳру муҳаббат ба соҳаи маориф буда, ангезаи тозае барои идомаи фаъолиятҳои илмии ҳайати омӯзгорон мебошад.