Имрӯз, 27.03.2025 Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия ва нақшаи муштараки фаъолият ҳамоиши онлайнии байналмилалӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар самти забоншиносӣ дар мавзуи “Ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои муоширати наврасон ва ҷавонон бо истифода аз забонҳои хориҷӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни Россияву Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз ҷумла, омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи забони муосири руси факултети филологияи руси донишгоҳ дар кори ҳамоиш бо маърӯзаҳо баромад карда, дар музокирот ва баҳсҳои илмӣ хеле фаъол буданд.
Ҳамоиши онлайнӣ таҳти унвони “Ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои муоширати наврасон ва ҷавонон бо истифода аз забонҳои хориҷӣ” бо ҳадафи муҳокимаи роҳҳои нави омӯзиши забон ва муоширати самаранок бо истифода аз забонҳои хориҷӣ ташкил гардид. Бо дарназардошти нақши забон ҳамчун василаи асосии робитаи инсонҳо, ҳамоиши мазкур кӯшиши ҷустуҷӯи роҳҳои муассири омӯзиш ва татбиқи забонҳои хориҷӣ дар муҳити таҳсилот ва касбомӯзии ҷавонон буд.
Ҳамоиши мазкур ба донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон имконият дод, ки таҷриба ва андешаҳои худро оид ба усулҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ мубодила кунанд.