Home ХАБАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”: ОМОДАГИҲО ВА БАРРАСИИ ТАҶРИБАҲО

ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”: ОМОДАГИҲО ВА БАРРАСИИ ТАҶРИБАҲО

by admin
27 views
Санаи 26.03.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар-машварати омӯзишӣ оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар семинар намояндагони раёсати донишгоҳ, омӯзгорон, донишҷӯён- ғолибони даври факултативии озмун ва шахсони масъул иштирок доштанд.
Семинарро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Ӯ зикр намуд, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» на танҳо барои ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба китобхонӣ ва рушди маърифати онҳо равона шудааст, балки ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷомеа низ мусоидат мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки чунин озмунҳо метавонанд нақши муҳим дар ташаккули фарҳанги китобхонӣ ва худомӯзии ҷавонон дошта бошанд.
Дар идомаи семинар, дигар иштирокчиён низ дар мавриди равандҳои озмун, омодагиҳои зарурӣ барои баргузории он ва тадбирҳое, ки бояд иштирокчиён андешанд, изҳори назар карданд. Дар зимн бар он таъкид карданд, ки довталабон бояд ба интихоби дурусти асарҳо, омӯзиши амиқи мундариҷаи онҳо ва омодагии хуб барои ҳифзи матнҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Инчунин, дар ҷараёни семинар иштирокчиён оид ба таҷрибаи солҳои қаблӣ ва муваффақиятҳои иштирокчиёни пешин маълумот дода, пешниҳод карданд, ки барои беҳтар ташкил намудани озмун чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, ташкили маҳфилҳои мунтазами китобхонӣ, ворид намудани омӯзиши санъати суханварӣ ва таҳлили осори адабӣ ба барномаҳои таълимӣ ва дигар ташаббусҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври факултетии озмуни мазкур беш аз 100 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 35 нафар ба даври донишгоҳии озмун, ки рӯзи 28.03.2025 баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Дар идомаи семинар, рунамоии китоби тозанашри Шамшоди Ҷамшед-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик бо унвони «ҶИНСҲО ВА ЖАНРҲОИ АДАБӢ» сурат гирифт. Китоби мазкур бо Қарори Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, таҳти назари узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Кӯчарзода Аламхон ба нашр расидааст. Китоб ба омӯзиши назарияи ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ бахшида шуда, муаллиф кӯшиш намудааст, ки хусусияти жанрии анвои адабиро ба таври мушаххас ва бо мисолҳои гуногун шарҳу таҳлил намуда, вижагиҳои онҳоро равшан намояд. Ин китоб, пеш аз ҳама, барои донишҷӯёни соли аввали факултетҳои филологӣ, ки ба омӯзиши илми адабиётшиносӣ шуруъ мекунанд, пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, кулли дӯстдорони адабиёти бадеӣ, махсусан иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз он метавонанд баҳра баранд.
Семинари омӯзишӣ-машваратӣ дар фазои самимӣ ва созанда ба анҷом расида, барои иштирокчиён имкони хубе фароҳам овард, ки дониши худро дар бораи озмун ва омодагиҳо ба он такмил диҳанд.
Тошматов Умарҷон,
«Анвори дониш»

Related Articles

Leave a Comment