Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАВРӮЗ – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

НАВРӮЗ – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

by admin
18 views
«Ҷашни Наврӯз аз замони асосгузори он – Ҷамшеди Пешдодӣ – то имрӯз аз зебоиву накуӣ, бузургдошти инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ саршор мебошад. Гузашта аз ин, Наврӯз беҳтарин нишонаи ваҳдати инсону табиат буда, аз ғояҳои ҷовидонаи сулҳу вафо, ростиву накукорӣ, зебоипарастиву инсондӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ сарчашма мегирад», – қайд кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан, ҷашни Наврӯз аз куҳантарин ва бузургтарин идҳои миллии мо тоҷикон маҳсуб ёфта, рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, равшанӣ ба торикӣ мебошад. Дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни Наврӯз азизу арҷманд нест. Чуноне ки аз номаш бармеояд Наврӯз, яъне «рӯзи нав» маъно дошта ба истиқболи соли нав барпо мегардад. Бо фарорасии ҷашни зебои Наврӯз ва баҳори нозанин табиат аз нав зинда шуда, ба дилҳо фараҳу ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Мувофиқи сарчашмаҳо ҷашни Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардин, ки ба солшумории мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд. Баъди ба даст овардани Истиқлолият дар мамлакатамон ба таърих, фарҳанг ва ҷашну идҳо диққати махсус дода шуд ва дар қатори ин ҷашнҳо Наврӯз низ миёни мардуми мо мавқеи муайянеро ишғол намуд ва то кунун бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳамулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҷашни Наврӯз ин ҷашни дӯстиву рафоқат, ҷашнест, ки ҳамаи кинаву адоват, дилсардии якдигарро аз байн бурда ба як рӯзи нав ба як соли ҷадид оғоз намоем. Омад-омади ин ҷашн ба шахс аз омадани рӯзи неку зиндагии беҳтар хабар мерасонад. Чунончи Мирзо Лоиқи Дарвозӣ гуфтааст:
Наврӯз шуд азизон, фасли бҳор омад,
Мурғи дили маро зуд завқи шикор омад.
Дар гӯшаи гулистон моро гузор омад,
Дидам фиғони булбул аз ҳар канор омад.
Аз таърих маълум аст, ки анъана ва ҷашну маросимҳои Наврӯз низ аз замони ҳукмронии сулолаи Сосониён низ ба мерос мондааст. Дар ин давра Наврӯзро ба ду қисм: наврӯзи хурд (омма) ва бузург (хосса) ҷудо карда буданд, ки аз аввали моҳи Фарвардин то рӯзи шашуми он Наврӯзи хурд (омма) баргузор мегардид. Дар ин шаш рӯз мардум мулоқот бо шоҳ ва гуфтани арзу шикоятҳояшон имконияти бештаре доштанд. Наврӯзи бузург ё ин ки ба таври дигар хосса дар давоми панҷ рӯзи баъди Наврӯзи хурд (омма) баргузор мегардид. Дар ин рӯзҳо шоҳ, хосагон (яъне аҳли дарбор, амирону вазирон ва ходмони махсус) ҷамъ омада, Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн мегирифтанд.
Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ айёми зебоии наврӯзӣ ва лаҳзаҳои нотакрори бедоршавии табиатро чунин тасвир ё ин ки ба қалам овардааст:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.
Дар маҷмуъ, Наврӯз рӯзи нав, оғози соли нав маҳсуб ёфта, дар таҷлили он мардум хӯрокҳои миллии наврӯзӣ, аз қабили ширбиринҷ, оши бурида, суманак ва амсоли инҳоро омода карда руйи дастурхони худро зебу зиннат медиҳанд.
Яке аз расму ойини дигари наврӯзӣ ин оростани дастурхони ҳафтсину ҳафтшин мебошад. Хусусияти дигари ин ҷашн дар он аст, ки мардум, махсусан занҳои хона, хонаҳоро аз чангу ғубор тоза карда, баъди анҷоми ин кор полосу қолин, курпачаву болиштҳоро афшонда ба хона медароранд. Сипас соҳибхона ба хона даромаданро иҷозат медиҳад. Баъди тоза кардани хонаҳо одамон либосҳои тару тозаи худро пӯшида ба сайру гашт мебароянд. Писарбачаҳо дар кӯчаҳо баромада, ба кабкбозӣ, гуштигирӣ, хурӯсҷангандозӣ ва дигар навъҳои варзиш мағул мешаванд, ки ин ҳам яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯзӣ аҷам мебошад.
Аз он чи гуфта шуд, метавон хулоса кард, Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон буда, гувоҳи инсондӯстию сулҳпарварии ин миллати куҳанбуёнд аст. Пас, месазад, ки ин ҷашни аҷдодиро бо тамоми унсурҳояш ҳифзу гиромӣ дорем.
Муддасири Сафаралӣ, донишҷӯйи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment