Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, муҳайё намудани шароити ҳар чи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ва иҷро нишондоди Ҷадвали тақсимоти вобастанамоии қитъаи замин ба ВМИҶТ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати шинонидани ниҳолҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар соли 2025 дар доираи иҷрои нақшаи амал барои солҳои 2025-2027, тибқи муқаррароти Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар ҳудуди 0,90 га қитъаи замини вобастагардида ба Донишгоҳ дар ҳудуди заминҳои шаҳраки Зарафшони шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати васеи кормандон маъракаи шинонидани дарахтони ороишии ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳандаро баргузор гардонид.
Ҳайати кормандон Донишгоҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидании муҳити зист ва баландбардории маърифати экологии шаҳрвандон дастаҷамъона заҳмат кашида, ба ин васила баҳри тозаву озода намудани қитъаи замини вобастагардида ба Донишгоҳ шинонидани ниҳолҳо дар он саҳми муносиб гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдоми мазкурро минбаъд низ идома дода, ҷиҳати сабзу хуррамгардонии диёр тадбирҳои судмандро рӯйи кор меорад.