Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамасола дар ҳошияи истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ ҷиҳати натиҷагирии фаъолияти ҳайати олимону профессорон, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмунҳои донишгоҳӣ аз рӯйи номинаҳои гуногун ташкилу гузаронида мешавад. Имсол низ мутобиқи қарори Шурои олимони муассиса озмунҳои донишгоҳии “Олими сол”, “Факултети сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол”, “Куратори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Варзишгари сол” гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, ки озмунҳои мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандон ҷиҳати иҷрои саривақтии уҳдадориҳо ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами корӣ, рушди қобилияти илмию эҷодӣ ва тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, истифодаи самараноки техника ва технологияи иттилоотию иртиботӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, тарбия намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, озмунҳои номбурда дар ҳошияи Наврӯзи байналмилалӣ натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон аз рӯйи номинаҳо санаи 19-уми марти соли равон зимни таҷлили Наврӯзи хуҷастапай ба таври зайл муайян ва қадршиносӣ гардиданд.
Аз рӯйи номинатсияи “Олими сол-2024” устодони зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
1. Абдуллоев Маҳмуд, доктори илмҳои таърих, профессор
2.Иззатова Муҳаббат, доктори илмҳои педагогӣ, профессор
3.Яқубзода Фирӯз, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент
4.Сироҷиддини Давлаталӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Аз рӯйи номинатсияи “Факултети сол-2024” факултетҳои зерин ғолиб дониста шуда, деканҳои онҳо бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 2500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
1. Факултети химия ва биология (декани факултет, дотсент- Исупов Дилшод);
2. Факултети иқтисод ва идора (декани факултет, дотсент- Расулова Лутфия);
Аз рӯйи номинатсияи “Кафедраи сол-2024” кафедраҳои зерин ғолиб дониста шуда, мудирони онҳо бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 1500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
1. Кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ (Акрамова Рухшона);
2. Кафедраи адабиёти тоҷик (Шамшоди Ҷамшед);
Аз рӯйи номинатсияи “Муаллими сол-2024” устодони зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
1. Гуламадшоев Шокиршо, дотсент
2. Мирзоева Маҳтовбӣ, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калон;
3. Бобозода Бахтовар Сулаймон, муаллими калон;
4. Абдулов Дилшод Назарович, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон;
5. Ҳусайнзода Руҳулло, муаллими калон;
Аз рӯйи номинатсияи “Куратори сол-2024” устодони зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
1. Алишери Абдулмаҷид, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ, дотсент;
2. Раҳматова Райҳонгул, муаллими калон;
3. Зарифов Ҳабибулло, ассистент;
Аз рӯйи номинатсияи “Магистранти сол-2024” магистрантони зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 2 стипендияи муқаррарӣ сарфароз гардонида шуданд:
1.Сафарзода Сироҷиддин – магистранти курси 1-уми ихтисоси забони англисии факултети филологияи хориҷӣ, ҷойи якум
2.Исоева Фариза – магистранти курси 2-юми ихтисоси биологияи факултети химия ва биология, ҷойи дуюм
3.Раҷабова Сафаргул – магистранти курси 1-уми ихтисоси рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ҷойи дуюм
4.Нуриддинов Баҳриддин – магистранти курси 2-юми ихтисоси тарбияи ҷисмонии факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи сеюм
5.Аъзамзода Қадриддин – магистранти курси 2-юми ихтисоси математикаи факултети физика ва математика, ҷойи сеюм.
Аз рӯйи номинатсияи “Донишҷӯйи сол-2024” донишҷӯёни зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 5 стипендияи муқаррарӣ сарфароз гардонида шуданд:
1.Мунисаи Маҳмарабӣ, донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси рӯзноманигорӣ
2.Шомадова Фарида, донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти рус
3.Фаридуни Бобоҷон, донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси химия ва биология
Аз рӯйи номинатсия “Варзишгари сол-2024” донишҷӯёни зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 5 стипендияи муқаррарӣ сарфароз гардонида шуданд:
1.Ҳакимов Худойдод, донишҷӯйи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
2.Мирзоев Умар, донишҷӯйи курси чоруми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
3.Баҳриддини Зиёвуддин, донишҷӯйи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
Зимнан дар радифи ҷамъбасти озмунҳои фавқ ғолибони мусобиқаҳои варзишии футболи хурд ва волейбол миёни кормандону омӯзгорони донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон чанде аз устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи таъсиснамудаи кумитаи тадорукот, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назаррас қадрдонӣ гардиданд.